Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили тарбия, бахусус ҷавонону наврасон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, шароити мусоид дар оила ва илму донишомӯзиро талқин менамуданд. Имрӯз ҳам ин самти кор меҳвари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад.

Бо мақсади муттаҳид намудани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ даҳҳо Қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд.

Инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамалакат то соли 2020 қабул карда шуд ва дар он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад. Бояд, ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбари давлатамон ҳисси миллии хешро баланд бардошта, ҳушёру зирак бошанд ва баҳри таъмини ояндаи дурахшони худ дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, ҳама вақт омода бошанд.

Мутаассифона, маҳз ҷавонони имрӯза қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Шомил гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгароӣ аз сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокофии насли наврас шаҳодат медиҳад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи ҷавонон яке аз мубориза бар зидди падидаи номатлуби ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгарои маҳсуб мешавад.   Пешвои муаззам доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Пӯшида нест, ки солҳои охир ҷалб ва иштироки ҷавонон дар созмонҳои террористиву экстремистӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз шумораи ҷавонони тоҷик дар қаламрави Сурияву Ироқ ва Афғонистон ҷангида беш аз 1000 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин  ношукрӣ ва носипосӣ нисбат ба Ватанро нишон медиҳад. Ҳарчанд ки аз тарафи мақомотҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст, аммо то имрӯз ин падидаи номатлуб пурра аз байн нарафтааст. Бинобар ин зарур аст, ки дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм худи ҷавонон саҳми дахлдор дошта бошанд. Чунин кор имрӯз аз тарафи созмонҳои гуногуни ҷавонони тоҷик, гурӯҳҳои ихтиёрии ташвиқотии ҷавонон васеъ ба роҳ монда шудааст. Кору фаъолияти ин созмону гурӯҳҳои таблиғотии ҷавонон боз ҳам васеъ карда шуда, доир намудани озмун ва намоишгоҳҳои рассомӣ, мизҳои мудаввар, бозиҳои варзишӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шавад. Дигар дар ҷараёни таълим омӯзгор ва дар оила волидайн корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда модарон пеши роҳи фарзандони силоҳбадасташонро бигиранд, зеро аз дасти ҷавонони беиродаю бераҳм, дунё ба дод омадааст. Мардуми сайёра ташнаи сулҳу салоҳ ҳастанд. Аз байн бурдани ҷони ширини инсони бегуноҳ дар ҳамаи динҳо мамнӯъ аст.

Мо вазифадорем, ки фарзандонро, насли наврасро дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба камол расонем ва боварӣ дошта бошем, ки офтоби хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои кишвари азизамонро ҳамеша дурахшон нигоҳ медорад.

 

   Қаюмова С.А., ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд