Мусаллам аст, ки бадхоҳию фитнагарӣ кинаю адоват пасттарин сифатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, нафароне, ки дорои ин хислатҳо ҳастанд ҳеҷгоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Бештар аз ҳама нафаре, ки ба давлату миллат ва ба Ватани худ хиёнат кардааст ҳеҷ гоҳ гунаҳаш бахшида намешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он гаштанд, ки ҳамин гуна як гурӯҳи ноогаҳу фурӯхташуда чанд рӯз пеш дар ноҳияи Рушон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ мардум хусусан ҷавононро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват намуда, суботи минтақаро чанд рӯз халалдор намуданд. Иқтидори адолат, раъйи сокинон, пояи устувори давлатдорӣ собит намуд, ки ин фитнаангезиҳо ба истилоҳ хасе дар назди бод аст. Намоиши филми “Шикасти фитна” парда аз руйи нақшаю тарҳрезӣ ва амалиётҳои саркардагони ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Маҳмадшоева ва Алим Шерзамон (дастурдеҳи хиёнаткор аз хориҷа)-ро бардошт. Сокинон огаҳ гаштанд, ки ин гурӯҳ бо мақсади ба баст овардани манфиат, халал ворид кардан ба сохти давлатдорӣ, гумраҳ кардани мардум омодагӣ дида, нақшаҳои хиёнаткорона тарҳрезӣ мекардаанд. Кирдори разилонаи ин гурӯҳ дар он муайян гардид, ки инҳо дастури хоҷагони хориҷии худро амалӣ карданӣ буданд. Магар аз ин бештар хиёнат ба Ватан, ба Модар нест. Магар ҳаминҳо набуданд, ки ба хуни рехтаи чанд нафар зомин шуданд. Гунаҳу кирдорҳои ин тоифаро на ягон меъёри қонун ва халқу миллат намебахшад. Дар филм дида мешавад, ки ин саркардагон худашон аз рафтору аъмолашон иқрор мешаванд. Боз шармандавор узр мепурсанд. Бештар аз ҳама нафрати кас ба Улфатхоним Мамадшоева афзун мешавад, ки ба номи модарӣ ва зани тоҷик иснод оварда, худрою имону виҷдонашро фурӯхтааст. Воқеан ҳар як ҳодиса ё аъмоли нафаре ҳушдоре ба ҷомеа мебошад. Ин воқеаҳо ва рафтори саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ моро водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар пайи ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошем. Ба қадри истиқлолу ваҳдат бирасем. Зеро давлату ҳукумати кишвар зери раҳнамоиҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ, ҳифзи Истиқлоли кишвар, тадбиқи волотарин ҳадафҳои давлатсозӣ фидокорона заҳмат кашида, ҳар сокини мамлакатро ба бунёди зиндагии шоиста ва ба роҳи рушди Тоҷикистон содиқона хизмат кардан тақозо менамояд.

 

Охунҷонов Абдуҳабиб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд