Мувофиқи шартномаи дутарафаи басташудаи байни Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва КИИ ҶДММ “Днепроэнергосталь” мо донишҷӯёни Улмасова Фарида, Мамадалиева Дилноза, Шодиев Асатилло ва Рустамов Ҷаҳонгир бо ҳамроҳи сармутахассиси шӯъбаи робитаҳои хориҷии донишкадаи мазкур, Мазбудов Субҳон бо дастргирии раиси вилоят ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Украина, шаҳри Запороже ва Роҳбарияти донишкада, дар коргоҳ-заводи ҶДММ “Днепроэнергостал” таҷрибаомӯзӣ гузаронидем.

Таҷрибаомӯзӣ аз санаи 31.10.2021 то 28.12.2021 давом кард. Улмасова Фарида ва Мамадалиева Дилноза дар лабораторияи корхонаи мазкур, ки нишондодҳои об ва ҳаворо таҳлил гузарониданд ва Шодиев Асатилло ва Рустамов Ҷаҳонгир дар сехи энергетика ва хӯлаи металли таҷрибаомӯзии худро гузарониданд.

 Инчунин Мазбудов С., дар шуъбаи менеҷмент ва робитахои берунии корхона таҷрибаомӯзӣ гузарониданд. 

         Ҳамаи таҷрибаомӯзандагон, аз санаи 02.11.2021 то 06.11.2021 дар шӯъбаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат коргарон бо ёрии раиси шӯъбаи коргарон Татьяна Иларионовна бо ҳамаи қонуну қоидаҳои корхона шинос шуданд. Аз 08.11.2021 сар карда ҳама дар шуъбаю сехҳои аниқкардашуда барои гузариши таҷрибаомӯзи шурӯъ намудаанд.

Духтарон дар лабаратория зиёда аз 19 намуди таҳлилро бо об ба мисоли, мавҷудияти маҳсулоти нафтӣ; таҳшинӣ; рН(муҳит); дуруштӣ(жёсткость); нитратҳо; нитритҳо; аммоний; хроми об; марганес; равғанҳо; феррум ва ғайраҳоро гузарониданд. Барои ҳаво бошад лабораторияи мазкур 5 намуди таҳлили замонавиро мегузаронад ки инчунин шиносои пайдо намуда худ низ таҳлилҳои гуногун гузарониданд, ба монанди: таркиби дисперсӣ; хроми умумӣ; рН; намнокӣ ва (потеря при прокалывании) ва ғайраҳо.

Писарон дар сехҳои гуногуни коргоҳ таҷрибаомӯзии худро ба роҳ монда аз монтажи трансформаторхо то насбкунии онҳо дар ҷойгоҳҳо ва аз қабули маъданҳои гуногун то коркарди хӯлаи металл кор карда ба маҳорати худ аз тарафи координаторҳо баҳои хело баланд гирифтанд.

         Санаи 12.11.2021 бо ҳамроҳи Василий Константинович саринженери корхона бо рафти кор дар идораи асосии корхона шинос шудем. Идора аз 3 шӯъбаи асосӣ иборат аст. Яке аз шӯъбаҳо ин шӯъбаи муҳандис-сохтмон мебошад. Коргарони ин шӯъба барои самти иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар  ҷойи сохтмон ҷавобгар мебошанд.

Пас аз иҷро шудани қисми кор, ба ҷойи кор рафта аз рафти кор дар ҳар як қитъа бохабар мешаванд. Идора яке аз қисмҳои асосии корхона ба ҳисоб меравад, барои он ки дар он ҷо ҳамаи проэктҳо сохта шуда, ба нақша гирифта мешавад.

         Дар рӯзҳои истироҳат бо ҷойҳои таърихии шаҳри Запороже шинос гардидем. Яке аз хиёбонҳои дарозтарини Европа бо номи Соборный дар маркази шаҳр тӯл кашидааст, ки дарозии он 11000 метр ро дар бар мегирад. Инчунин дар наздики маркази шаҳр Ҷазираи Хортитса ҷой гирифтааст, ки бисёр ҳам ҷойи хушманзара ва бо таърихи бойи худ машҳур мебошад. 

        Хулоса дар охири гузаштани таҷрибаомӯзӣ аз тарафи корхонаи ҶДММ “Днепроэнергостал” ба таҷрибаомӯзандагон баҳои баланд дода шуда ба ҳамаи таҷрибаомӯзандагон сертификат оид ба гузаштани таҷрибаомӯзӣ сарфароз гардонида шуд.

Инчунин аз тарафи раёсати ҶДММ “Днепроэнергостал” зиёфати хайрухуш дар тарабхонаи маркази ташкил карда шуд ки бисёр хурокҳои болаззати халқи Украина ва Аврупоро дар бар мегирифт.

 

 

Субҳон Мазбудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд