Боиси ифтихор ва сарбаландии мо, ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ аст, ки сафи олимон дар донишкада зиёд гардида истодаанд. Рӯзҳои наздик боз се нафар устодони донишкада рисолаи номзадии худро дифоъ намуданд. Санаи 12 декабри соли 2018 омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ Аминҷонова М.М. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Формирование институцилональной среды развития предпинимательского сектора в региональной экономичекой системе”, ки бо роҳбарии д.и.и., профессор Бойматов А.А. таҳқиқ гардида буд, дар Шӯрои дифоии Д 999.020.02 дар назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 08.00.05 ҳимоя намуданд. Устоди дигари донишкада  Соҳибназаров М.Д. рисолаи номзадии худро дар мазӯи “Товарно – денежные и торговые отношения в золотодобывающей промышленности Средней Азии в начале XVI – начале  XX вв.”, аз рӯи ихтисоси 07.00.02 – отечественная история дар шӯрои дифоии Д. 737.004.02 дар назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳимоя намуданд.

14 декабри соли 2018, Қосимов Абдунабӣ Абдурауфович омӯзгори калони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Коркарди асоси системаи автоматии муайянкунии муаллифи матнҳои номаълум (дар мисоли асарҳои бадеие, ки ба забони тоҷикӣ навишта шудааст)”, ки бо роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, академики АИ ҶТ, профессор Усмонов Зафар Ҷураевич иҷро карда шудааст, дар назди Шӯрои дифоии 6D.КОА-032 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.11 - Таъминоти математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарор, муҷтамаъҳо ва шабакаҳои компютерӣ дифоъ намуданд.

Аз номи ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ устодон Аминҷнова М.М., Соҳибназаров Д.М. ва Қосимов А.А.-ро бо дифои рисолаи номзадӣ самимона табрик намуда, барояшон барору комёбиҳои нав ба навро таманно мекунем.