Амалҳои хайру сахо дар ҳама давру замон аз хислатҳои наҷиби одаму одамгарӣ маҳсуб ёфта, гирифтани дасти афтодае беҳтарин амали инсонист. Кӯмаку дастгирии ҳамаҷониба ба ниёзмандону муҳтоҷон  аз зумраи амалҳои неки хайру саховатмандӣ  аст, ки бояд ҳар фарди соҳибдил онро иҷро намояд.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ анъанаи хубе  солҳо идома дорад. Ҳамасола  бо иқдоми худи донишҷӯён зери роҳнамоии устодон бо дастгирии роҳбарияти донишкада номгӯи бисёри аксияҳо барои кӯмак ба хонаи кӯдакон, хонаи маъюбон, хонаи пиронсолон ва ниёзмандон ташкил ва гузаронида мешавад, ки ҳамагон дастаҷамъона дар он ширкат меварзанд. Донишҷӯёни донишкада бо роҳбарии устодони худ пайваста бо туҳфаву ҷиҳози лозима, бо барномаҳои фарҳангӣ ба дидорбинии онҳо рафта, заррае бошад ҳам, кӯмаки моддиву маънавии худро мерасонанд. Ин навбат, бо ибтикори ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 10 апрели соли равон дар назди «Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералӣ аксия барои кӯмак намудан ба беморони дауна баргузор гардид. Дар рафти аксия қуттии хайриявӣ ташкил карда шуд, ки мувофиқи имконият ҳамагон маблағҳои хайриявиро ҷамъ намуда, ба қутии хайриявӣ партофтанд.

Боиси хурсандист, ки донишкадаи мо низ аз ин кори хайру сахо дар канор намонда, ҳиссаи худро барои кӯмак ба ин нафарон гузошт. Донишҷӯёну устодон, кормандони донишкада дастаҷамъона дар муддати кӯтоҳ маблағҳои хайриявиро ҷамъ намуданд. Маблағҳои ҷамъшуда  аз ҷониби  намояндагони донишкада, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Темирова Хайриниссо ва аҳли донишҷӯён ба қуттии хайриявии ташкилкардашуда партофта шуд.

Боварӣ дорем, ки минбаъд низ донишкада дар чунин аксияҳо фаъолона ширкат варзида,  кӯмаки худро барои шахсони ниёзманд дареғ нахоҳанд дошт.

 

Аминҷонова М.М

муовини декани ФИЭ оид ба тарбия