Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои ҷавону соҳибистиқлол ва рӯ ба тараққикарда мебошад,ки бо тезу тундшавии шароитҳои ҷаҳонӣ ва мураккабшавии муносибатҳои байни давлатҳо дар қатори бисёрии давлатхои ҷахон тарафдори сулҳу субот ва амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳониро хоҳон буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, амнияти миллӣ ва осмони софу беғуборро дар кишвар доимӣ таъмин намояд. Лек, Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои дунё аз таъсири имконпазири руйдоду таҳавуллоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.  Бинобар ин барои амалӣ намудани мақсадҳои давлатӣ оиди таъминнамоии бехатарии миллӣ ва амнияти мардум вазифаҳои афзалиятноки давлату миллат ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм  гаштааст, ки онро бояд мувофиқи қонунҳои қабулшуда ва тавассути мақомоти дахлдор анҷом бояд дод. Яке аз омилхои ба ҳадафрасӣ ин ҳамкорию ҳамгироии доимӣ бо мардум оиди пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори ҳодисаҳои экстремистию террористӣ мебошад. Дигар омиле, ки пешгирии ин ҳодисаи номатлубро таъмин менамояд, ин дар ҷавонон, толибагон ва донишҷӯён бедор намудани ҳисси одамдӯстӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихор аз таърихи бою рангини аҷдодони гузашта мебошад. Маҳз раҳмдилӣ, хусусияти гуманистӣ ва қадр кардани меҳнати дигарон, ки ин хосиятҳо дар инсон аз хурдӣ дар оила ташаккул меёбанд, намегузорад, ки инсон ҳатто ба як ҷонвари зинда зарар расонад, ногуфта аз кулли мардум ва ҷамоаҳо. Дигар самте, ки боиси пешгирии ҳизбу ҳаракатҳои иғвоӣ мегардад, ин таъминнамоии аҳолӣ бо маълумотҳои ҳақиқие, ки ин гурӯҳи одамон иҷро мекунанд, мебошад. Назар меафканем ба ҳаракатҳои чандинсолаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ки худ на Ватан доранду на Модар, аз ҷумлаи худобехабаронанд, дар кори онҳо ба ғайр аз қатлу куштор, таркиш, вайронкорӣ, харобгардонӣ, ғоратгарӣ ва ба сари мардум овардани бадбахтӣ дигар ҳеч чиз мушоҳида намешавад. Дар  паи ин пардаи чунин ҳаракату гурӯҳҳо, корҳои номатлуб, чӣ гурӯҳҳо, касоне истодаанд ва чӣ мақсад доранд, бояд суоли ҳар як шахси бавиҷдону қавиирода бошад, ки қадру манзалати истиқлолияти миллиро хуб дарк менамояд. Боз роҳи дигари пешгирии ҳодисаҳои нохуши террористӣ ин пурқувват намудани сарҳади миллӣ ва амнияти миллӣ мебошад, ки нагузоранд, ки намояндагони ин гурӯҳҳои ифротӣ бо хар роҳи фиреб ба марзи хоки Ватан ворид шаванд. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии гаравидани аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва ташвиқотӣ ба ҳисоб мераванд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зиёдшавии хавфу хатарҳои дохиливу берунӣ ва муқобилият нишон додан ба ҳаракатҳои ифротӣ дар ин самт аҳолӣ низ саҳми худро бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд гузорад ва нисбати ояндаи Ватани хеш бетараф набошад. 

Саидходжаева Дилафрузхон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд