Дар саноати сабук истеҳсолоти бофандагӣ ва махсусан ресандагӣ истеҳсолоти сармояталаб ба ҳисоб мераванд. Дар ин истеҳсолот техника ва технологияи гаронбаҳои ширкатҳои пешрафта гузошта шудааст, ки барои идора намудан нарасидани муҳандисон ва мутахассисони соҳибихтисос (аз ҷумла, устоҳо, буррандаҳо ва операторони таҷҳизоти технологӣ), эҳсос карда мешавад. Дар натиҷа таҷҳизоти гаронбаҳои гузошташуда дар як қатор корхонаҳо бо иқтидори пуррааш кор намекунад ва даромаднокии истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнат паст шуда ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти иқтисодии ин корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ мерасонад.

Корхонаҳои соҳа, бояд ақаллан бо иқтидори оптимиалиашон фаъолият бурда, нахи пахтаро то марҳилаи ниҳоӣ коркард ва қудрати содиротии минтақаро баланд бардоранд, аммо нарасидани коргарони соҳибихтисос, коркунони  муҳандисӣ-техникӣ ин равандро душвор мегардонад. Нарасидани маҳорати техникӣ дар таъмир ва тармим боиси дуру дароз бекористии таҷҳизот мегардад.

Бо назардошти гаронбаҳоии таҷҳизоти соҳа, истифода набурдани иқтидорҳои гузошташуда ниҳоят ташвишовар аст. Корхонаҳо ҳаҷми максималии маҳсулотбарориро бо мақсади таъмини даромаднокии механизмҳои молиявии хариди таҷҳизот, бояд таъмин кунанд ва дар ин мутахассисони соҳа ҳиссагузор бошанд.

Сабаби нарасидани мутахассисони соҳа бисьёр аст. Пеш аз ҳама  дар корхонаҳо амалан  коргарон ва техникҳоро барои фаъолияти истеҳсолӣ тайёр намекунанд, курсҳои тайёрӣ мавҷуд нест ва онҳо имконияти баланд бардоштани  ихтисоси худро надоранд.

Монеъаи дигари асоси ин сиёсати соҳавӣ дар идоракунии захираҳои инсонӣ мебошад. Музди меҳнати мутахассисони баландихтисоси соҳа хеле паст. Дарвоқеъ, музди меҳнати кормандони соҳа дар байни тамоми соҳаҳои саноати кишвар пасттарин аст, ки ҳар гуна ҳавасмандиро барои фаъолият дар ин соҳа рад мекунад.

Инчунин бояд қайд кард, ки корхонаҳо ҳангоми харидани таҷҳизоти нав эҳтиёҷоти корхонаро барои тайёр намудани коргарону мутахассисон ба эътибор намегиранд.

Дар кишварҳое, ки саноати сабук, хуб тараққӣ кардааст, масалан Покистон ва Ҳиндустон дар корхонаҳои соҳа барои коргарон ва мутахассисон бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва истифодаи самараноки таҷҳизоти технологӣ мукофотҳои пулӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ дода мешавад, ки ин боиси ҳавасмандии кормандони соҳа аст.

Истифодаи чунин таҷриба дар корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҷалби коргарон ва мутахассисони соҳибихтисос ва баланд бардоштани даромаднокии соҳа кӯмак хоҳад кард.

Инчунин зарур аст, ки корхонаҳои соҳаи саноати сабук коргарон ва мутахассисони ҷавонро ба бозомӯзии касбӣ тавассути ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии касбии олӣ ва миёнаи махсус бо  коркард ва роҳандозӣ намудани барномаҳои мувофиқи таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ ҳавасманд намоянд.

 

Абдуллоева Ҳабиба Рӯзибоевна,    омӯзгори калони кафедраи

технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ