Таъсири ҷанги шаҳрвандиро наметавон аз хотир баровард, зеро он ҳама ранҷу азоб ва нолаҳои зор-зори модари тоҷик зи хотир зудуда нахоҳад шуд.

            Сулҳу субот омили асосии пешрафт ва рушди ҳар як қавму миллат буд, чунин хоҳад монд. Маҳз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, суботи кишвар ва ягонагии мардуми кишвари азизамон буд, ки имрӯз мақому манзалати он то ба арсаи байналмилалӣ баромад.

            Шукронаи давлати обод, сарзамини биҳиштосо ва сарвари оқилу доно, ки миллати моро нусрат додаву ба хони мардуми тоҷик бо бунёдкориву созандагӣ баракат бахшидааст.

            Ман аз миллати худ аз бахту Саодати бегазанди пешварам ифтихор дорам. Арзишҳо миллатамро пос медорам ва гиромӣ медорам, зеро пешравии кишвари азизам сари баланди ҳар як мардуми ифтихорманди диёрам аст.

            Барои он нафароне, ки пешравии миллатамонро намехоҳад, гуфтаниам, ки бояд ҳар як фарди солимақлу соҳибдил бояд Ватани худро, ки сарзамини аҷдоди аст, дӯст дорад, гиромӣ шуморад. Аз ҳамаи мардумони саодатманди кишварам хоҳиш менамудам, ки миллате нест чун Тоҷикистон ободу озоду биҳиштосо, сарваре надорад чун Эмомалӣ Раҳмон дурандешу оқилу доно, миллате баракате надорад чун файзу баракати миллати мо.

            Дар ҳақиқат саодатманд аст, мардуми мо, миллати мо. Файзу нусрат дорад хони мардуми кишварам. Эмин аст аз чашми бадбинону бадхоҳони хоин. Имрӯз афсӯс аз он мехӯрам, ки бархе аз нобиною кӯрдилони кишвар бо кирдорҳои ноодилонаи худ мехоҳанд, зарбае зананд. Ба чунин носипосон гуфтан мехоҳам, ки ҳеҷ гоҳ "Бори каҷ ба манзил намерасад." гуфтани гузаштагонамон беҳуда нест, зеро аз бадхоҳӣ касе баракат надидааст.

            Хоҳони онам, ки тинҷию амони дар миллатам устувору ҷойдор ва умри сулҳу ваҳдат ҷовидон бошад.

Алия Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд