Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик, дар суханронии худ оиди маросими пӯшидашавии конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (СММ-2023), ки санаи 25 марти соли 2023 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, кайд намуданд: “Мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои  ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, ҷамъ омадем. Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст.  Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад. Мо зарурати ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк мекунем. Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад.”

Оре, об дар ҳақиқат неъмати бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт дар замин мебошад. Ин моеъи аҷиб як моддаи ҳатмист, ки ҷузъи тамоми организмҳои зинда аст.

Ҷисми инсон 65-75% аз моеъ иборат аст, аммо аз рӯзи таваллуд ин нишондод тадриҷан коҳиш меёбад. Майнаи одам 75-85% ва бофтаи мушакҳо тақрибан 70% об дорад. Об дар раванди ҳозима, хориҷ кардани таксинҳо ва дигар моддаҳо аз бадани инсон ва ҳайвонот нақши муҳим дорад, барои буғумҳои мо ба сифати равған хизмат мекунад ва ҳарорати баданро танзим ва нигоҳ медорад.

Олим ва мутафаккири бузург Абуалй ибни Сино таъкид мекунад, ки об манбаи шифои беморон ва нигахдории тандурустии чамъият мебошад. Хушбахтона, Тоҷикистон аз рӯи шумораи чашмаҳои шифобахш дар байни кишварҳои минтақа дар ҷои аввал аст. Ба монанди: Чашмаи Шахритус Чилу-чор Чашма, Сарчашмаи Кулоб, Ҳафтчашмаи Файзобод, Хучи болои Ҳисор, Нияти Панҷакент, Лангари моҳиёни Исфара, Чинори Ашт, Чоруқдарон, Учбоғ, Қозибибй дар кӯҳи машҳури Муғул, Ҳавзи моҳиёни Истаравшан ва дигарон. Обҳои гарм ва маъданро бо мақсадҳои табобатӣ, ҳамчун нушокӣ, барои гарм кардани хонаҳо ва истихроҷи маъдан истифода бурдан мумкин аст. Чашмаҳои маъдании Хоҷа оби гарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Хавотог ва Хоҷасангхок (Анзоб) дар Точикистон ва хориҷа машҳуранд. Ба шарофати ин обҳо тамоми эҳтиёҷоти инсон ва олами набототу ҳайвонот бо оби ошомиданӣ таъмин карда мешаванд.

Тоҷикистон аз захираҳои оби бой буда, 7000 пирях, 155 кӯли ҳаҷмашон гуногун, даҳҳо ҳазор чашмаҳои оддӣ, маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Ба Тоҷикистон дарёҳои Вахш, Зарафшон, Сирдарё, Варзоб, Кофарниҳон ва Панҷ чорӣ мешаванд. Онҳо на танҳо киштзорҳои Точикистонро, балки Узбекистон ва Туркманистонро хам обёрӣ мекунанд. Баҳри Арал, ки ҳоло хушк шуда истодааст ва метавонад ба минтақаи Осиёи Марказӣ хисороти зиёд расонад, аз ду дарёи калонтарин Сирдарё ва Амударё пур мешавад. Ин дарёҳои калон бошад аз кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистон ҷорӣ мешаванд.

Ҳамин тавр, мо бояд ба масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти об, беҳтар намудани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он аҳамияти хоса зоҳир намоем.

Сатторов Шарифҷон Амирович,  ассистенти кофедраи молия ва қарз