Муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, инчунин дигар санадҳои зерқонунӣ танзим менамояд. 

Қонуни мазкур 29-уми январи соли 2021 қабул гардида, дар он   тартибу қоидаҳои ба қайди ҳарбӣ гирифтани ҷавонони ба синни 16 - сола расида, омода намудан ва ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани онҳо, адо намудани хизмати ҳарбӣ ва озод шудан аз он, ба қайди ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ гузоштан, уҳдадории ҳарбии онҳо то расидан ба синни ниҳоии дар ин ҳайат қарор доштан, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот батафсил пешбинӣ гардидааст.

Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва ин масъулиятро ҳамагон бояд бо тамоми вуҷуд, яъне бо тану рӯҳи худ дарк намоянд. Ҳимояи Ватан ин пеш аз ҳама ҳимояи оила, макони зисту фаъолият ва ояндаи миллат аст. Дар он бояд ҳамагон ҳамарӯза ширкат варзанд. Хизмати ҳарбӣ бошад, тарзи муҳими иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ғайр аз онҳое, ки аз уҳдадориҳои ҳарбӣ бо асосҳои истисноии узрнок озод шудаанд, вазифадор ҳастанд, ки дар қайди ҳарбӣ бошанд ва дар ҳолатҳои даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ онро бечуну чаро ва ба таври дахлдор адо намоянд.

Бояд қайд намуд, ки артиши миллӣ барои устувории давлат ва эмин будани он аз хавфу хатарҳои дохиливу беруна нақши мондагор дорад. Сафҳои он имрӯз аз ҷавонони ғаюру шуҷоъ пур гардида, ҳар яке бо ифтихори баланди миллӣ, масъулияти ҷавонмардӣ барои ҳифзу нигаҳдошти марзу буми кишварамон саъю ҷадал меварзанд.

Маҳз хизмати софдилонаи ана ҳамингуна ҷавонони ба ору ба номуси ватан мебошад, ки имруз мову шумо дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурдаистодаему касе ҳуқуқҳои моро поймол намесозаду моро дар зери азобу шиканҷа қарор намедиҳад ва модарону хоҳарони мо бе ягон тарсу ҳарос ва бе таҳлука озодона дар кучаву хиёбонҳо гашту гузор намуда, шукри ваҳдату истиқлолият ва шукронаи Пешвои муаззами миллат ва шукронаи родмардони ба ору ба номуси ватан мекунанд, ки ҷони худро барои муҳофизати ватани азизамон дареғ намедоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки  адои хизмат дар сафҳои артиши милли натанҳо қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дустиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Мо ҷавонон ба гуфтаҳои ин Роҳбари давлатамон такя намуда, пайваста барои гулгулшукуфоии милати худ саҳми босазои худро расонем.

 Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллии кишвар рӯ ба рушд ниҳода, имрӯз шароити хуби таълимиву машқу тамрин дар сафҳои қувваҳои муссалаҳи кишвар барои аскарону афсарон ба таври замонави муҳайё гардидааст. Агар солҳои пешин ҷавононро иҷборан тариқи “облава” мебурданд, ҳоло ин гуна “амалиётҳо”-и кормандони комиссариати шаҳру навоҳӣ аз байн рафта истодааст. Махсусан, иқдоми роҳандозӣ шудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавриди хушу хотирмон, дар фазои тантанавӣ гусел намудани ихтиёриён, сафи хизматмекардагонро зиёд намуда, истодааст. Мо, ҷавонони саодатманди ватан бояд ин тадбири созандаро тақвият бахшида, баъди хатми мактаби миёна ва ё донишкада ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дохил шуда, хизмати модар Ватанро бо сари баланд адо намоем, то дар ҳама ҳолат барои муҳофизати Модару ватани хеш омода бошем.

Бобоев Музаффар Муҳиддинович, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд