Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳи "Толибон" нимаи дуюми моҳи август ҳукумати қонунии Афғонистонро пурра ғасб намуда,  қудратро зӯран ба воситаи силоҳ ба даст оварданд.

Ҳукумати Толибон қонунҳоеро болои сари сокинон ҷорӣ менамоянд, ки на меъёри байналмиллалӣ дораду на меъёри шаръӣ. Онҳо ҳукумати худро Аморати исломӣ эълон карда, низомеро амалӣ менамоянд, ки ба ягон сохти давлатдорӣ ҷавобгӯ набуда, ба ин восита мехоҳанд ба мардум  шиканҷа, қатлу куштор ва ғоратгарӣ кунанд, инчунин давлатро бо роҳи зӯрӣ идора намоянд.

Толибон зери ҷомеаи шариат, ҳуқуқи занҳоро поймол мекунанд, ба мактаб рафтани духтарон ва ба кори давлату тиҷорат машғул шудани занону модаронро пурра манъ кардаанд. Ҳато бо худ доштани телефони мобилиро магъ кардаанд, ки ин хилофи ҳуқуқҳои инсонист. 

Бар замми ин ҳар касбу коре, ки аз нигоҳи толибон ҳаром гуфта мешавад аз қабили овозхонӣ, рассомӣ, навозандагӣ ҳайкалтарошӣ ва дигар касбҳои ба инҳо монандро мамнуъ эълон карда,  фаъолияти ин ҳунармандонро дар сар то сари кишвар қатъ кардаанд. Ҳатто дар якчанд ҳолат санъаткорону ҳаваскоронро бераҳмона қатл намудаанд.

Чунин афрод дар ҷомеаи Афғонистон бекор монда,  ба оилаҳои онҳо гуруснагӣ таҳдид мекунад.

Бекорӣ имрӯз дар давлати Афғонистон ба авҷи аъло расидааст. Халқ нони хӯрдан надорад ва ҳоло фасли тирамоҳу зимистон, ки мушкилии зиёд меорад, дар пеш аст. Барои дарёфти маводи ғизоӣ аҳолӣ ҷиҳози хонаҳояшонро ба фурӯш мегузоранд. Ҳатто тибқи маълумотҳои шабакаҳои телевизионӣ мардум барои дарёфти ғизо замин ва хонаҳояшонро мефурӯшанд, занону модарони бешавҳар аз сахтии рӯзгор духтарон ва писарони худро ба канизию ғуломӣ фурӯхтаанд. Ҷавонзане дар бозор ба хотири дарёфти қутти лоямут дӯ кӯдакашро ба фурӯш баровардааст.

Толибон ба ин сахтиҳои рӯзгор нигоҳ накарда, ба ҷои пайдо кардани роҳи ҳалли ин мушкилот, худашон шабона ба хонаҳои сокинон даромада мардумро ғорат карда охирин маводи ғизоии аҳолиро бо роҳи зӯрӣ аз худ мекунанд ва рӯзи дигар ҷавонони бегуноҳро дастгир карда, дар ғоратгарии шабонаашон айбдор карда  ваҳшиёна ба дор меовезанд.

Нигаронии  асосии халқи Афғонистон ва давлатҳои ҳамҷавор дар он аст, ки ҳукумати толибон пурра аз ҳисоби қавми паштун таъсис ёфта, ҳамашумул намебошад. Ҳатто аксарияти аъзои ҳукумати тозаинтихоби толибон дар рӯйхати террористони байналмиллалӣ буда, ин афрод барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хатарнок мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор гардид,  бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳоро ба қазияи Афғонистон ҷалб карда таъкид намуданд, ки "Вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба амнияти Осиёи марказӣ таъсир мерасонад, вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад".

Абарқудратҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин нуқта диққат диҳанд, ки бетарафии дигарбораи давлатҳо нисбат ба қазияи Афғонистон ва манфиатҷӯии кишварҳои алоҳида дар ин мамлакат метавонад оқибатҳои даҳшатборе ба сари аҳолии осоиштаи олам ба бор орад.

Ё ба таъкиди Сарвари давлати мо:

"Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиаборӣ аз ҷиҳати миқёс баробар ба ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад".

 

Хайринисо Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд