Аз дидани филми “Шикасти фитна”кас ба тааҷҷуб меояд, ки чӣ тавр ҷомеа чунин шахсиятҳои ифротӣ, ба монанди Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқирро тоқат карда метавонад. Албатта, боварии комил дорам, ки мақомотҳои дахлдор нисбати шахсияти ҷинояткор чораҳои зарурӣ андешида, адолатро барқарор менамоянд.

Бояд зикр кард, дар натиҷаи фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ ба ҳолати то 22-юми октябри соли 2018 аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», 2 адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66 адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон буд. Тирамоҳи соли 2018 аз ҷониби РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба онҳо огоҳии расмӣ оид ба хотима бахшидан ба амалҳои ҷиноятӣ дода шуд. Бар асоси он санад, лидерҳои Бадахшон уҳдадор шуданд, ки  аз амалҳое, чун ташкил ва раҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби биноҳои давлатӣ, таҳқири намояндагони давлат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, “сходка”, ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба зидди амнияти давлату ҷомеа, қасдан несту нобуд кардани молу мулк даст мекашанд, вагарна ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда хоҳанд шуд. Зери он санад се сол пеш Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев имзо гузошта буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Ҳукумати мамлакат ҳамаи хатоиҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров ва нафарони ба ӯ пайравро бахшиданд ва соли 2018 охирон огоҳӣ дода буданд, вале инро гурӯҳи ҷинояткору кӯрнамак, бахусус Мамадбоқир Мамадбоқиров нодида гирифта, боз ба ноором сохтани вазъи минтақа камар бастанд.

Вақт нишон дод, ки ин нафарони фурӯхташуда ва ғарази пинҳонӣ дошта, ғамхориҳои Сарвари давлатро нодида гирифта баҳри иҷрои супориши хоҷагонашон ҷавонони бегуноҳро ба коми хеш кашида, хостанд дар кишвар оташи ҷангро афрӯзанд, вале бояд гуфт, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад.

Ин буд, ки рӯзи 22 май соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд. Дар хабари оҷонсии расмии “Ховар” бо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфта мешавад, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло “бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” рӯй додааст. Дар хабари расмӣ ӯро “саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ” номидаанд. Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.

Имрӯз дар баробари мақомотҳои қудратӣ, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ низ баҳои худро нисбати чунин шахсиятҳо бояд дода бошад, бо ҳамин ба роҳи ифротгаро ва маҳалгаро рафтани насли ҷавонро гиранд. Зеро агар ҷомеа ба чунин рафторҳои ғайриинсонӣ баҳои сазовор надиҳад, насли наврас аз онҳо ибрати манфӣ гирифтанашон мумкин аст. Мо бояд аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои ифротгаро ва маҳалгаро, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта фаъолият намуд, кишварро қариб ба нобудӣ дучор намуда буданд, огоҳ буда, нагузорем, ки чунин фоҷиа бори дигар дар кишвари мо рух диҳад.

Охунҷонов Абдуҳабиб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд