Бо мақсади баландбардории сатҳи дониш ва пешрафти раванди таълим дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаи GIZ санаҳои 20 - 21 ноябри соли равон дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ семинар оид ба масъалаҳои  "Истифодаи барномаҳои таълимӣ"   баргузор гардид.

Рӯзи аввал  муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Мақсудов Х.Т. иштирокчиёни семинарро ба ҳамагон шинос гардонида, ба донишкада хайрамақдам намуданд. Баъдан маърӯзаи сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ Тошхӯҷаев  Н. оид ба натиҷаи компоненти "Маълумоти олӣ дар соҳаи технологияи маҳсулоти хӯрока ва маълумоти касбӣ" шунида шуд.  Бояд қайд намуд, ки дар доираи ҳамкории донишкада бо  барномаи GIZ  лоиҳаи"Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ" аз моҳҳои  феврал то ноябри соли 2018 амал намуда истодааст. Омодакунии кадрҳо аз рӯи барномаи технологияи маҳсулоти хӯрока дар ДПДТТ барои моҳи ноябри соли равон ба Раҳмонова Ҷ. вогузошта шудааст.

Аз ҷониби Мақсудов Х.Т. нақшаи корӣ ва марҳилаҳои асосии кори семинар баён карда шуд. Баъдан иштирокдорони семинар масъалаҳои вуҷуддоштаро дақиқ муайян намуда, шарҳу эзоҳот ва фикру ақидаи хешро манзури ҳамагон намуданд. Аз ҷониби устодони ДПДТТ Комилова Д. ва Раҳмонова Ҷ. нақшаи таълимӣ пешниҳод карда шуд. 

Натиҷаҳо хулосабарорӣ карда шуда, бо ҳамин рӯзи аввали семинар хотима ёфт.

Санаи 21 ноябр рӯзи дуввуми семинар баргузор гардид, ки ба кори худ шуруъ кард. Кор бо нақшаҳои таълимӣ идомаи фаъолияти  семинар гардид. Иштирокчиёни семинар - намояндагони ширкату ташкилотҳо  назари худро оид ба мавзуъ ифшо намуданд. Аз ҷониби Мақсудов Х.Т. натиҷаи таҳлили нақшаи таълимӣ баррасӣ карда шуд.  Мақсадҳо, вазифаҳо ва муҳлати банақшагирифташуда барои иштироки тарафҳои ҳавасманд аниқ карда шуд. Инчунин, нақши стейк-холдерҳо дар коркарди барномаҳои таълимӣ, таҷрибаи донишгоҳҳои Олмон ва Осиёи Марказӣ мавриди барассӣ ва таҳлили семинар гардид. 

Бо ҳамин кори семинар анҷом ёфт. Дар семинар масъалаҳои таълим ва нақшаву барномаҳои он, муаммо ва ҳалли онҳо таҳлил карда шуд, ки барои баландбардории сатҳи таълим дар ДПДТТ мусбат мусоидат хоҳад кард.