Ҳар як қароре, ки имрӯз аз ҷониби ҳукумат бароварда мешавад, бар нафъи халқу миллати тоҷик равона гардидааст,ки бинобар ин моро мебояд, ки қадру қиммати арзишҳои миллиамонро ҳифз намуда барои пешрафту рушди ояндаи он саҳмгузор бошем. Зеро таърих гувоҳ аст, ки ҳар як миллат дорои маданияти хоси либоспӯширо дорад. Маълумотҳои қадима оид ба либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ вомехӯранд. Бозьёфтҳои археологӣ, суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва предметҳои ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан материалҳои асри 19 ва аввали асри 20 гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқият ба иқтисодиёт ва шароити географӣ вобаста буд. Либоси занон аз курта, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар шимоли Тоҷикистон) иборат буд. Дар Тоҷикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд, ки вай куртаи таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребони куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё буғак. Куртаи гиребонаш пешкушодро асосан занҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш буғакро духтарону арӯсону ҷавонзанон мепушиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекарданд. Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзи, зеҳгулу гулдӯзӣ оро дода мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, туёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар шимол гиребони курта ва баъзан домани онро юрма ё гулдӯзӣ мекарданд. Буриш ва дӯхти курта дар ҳама ҷо як хел буда, фақат бо шакли гиребон фарқ мекард. Дарозии он одатан аз зону поён буд, вале барои ҷавонон кӯтоҳтар медухтанд. Гиребони куртаро уфуқӣ ё шоқулӣ, баъзан уфуқию шоқулӣ бурида, мағзӣ медавонданд ё шероза мечаспонданд. Дар шимоли Тоҷикистон куртаҳои гиребонбуғаки тугмадор расм буд. Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон аз болои курта яктаҳ, ҷелаки беастар мепӯшиданд. Дар Қаротегин, Дарвоз, Яғноб, Мастчоҳ дар пеши ҷелак аз зер матои чоркунҷаи дарозрӯя медӯхтанд, ки он вазифаи куртаро адо мекард. Дар шимоли Тоҷикистон яктаҳҳои пешкушодро ба ҷои курта мепӯшиданд. Дар Помир ва баъзе қишлоқҳои Дарвоз аз рӯи курта камзӯлчаҳои кутоҳи беостин (васкат) мепӯшиданд. Ҷомаҳои серпахтаю кампахтаи абраю астардор, ки дар лаби доман, сар остинаш зеҳ мешинонданд, инчунин чакмани моҳутӣ, пашмин ва пӯстин либоси зимистона ҳисоб меёфтанд. Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна дар байни сокинони он, аз ҷумла тоҷикон, хелҳои нави пойафзол ва ғайра пайдо шуда, либоси аврупоӣ расм шуд. Ҳоло ҷои куртаҳои якқаду чакман, чоруқу мукиро палтою костюм, плаш, мӯзаю ботинка мегирад. Вале анъанаҳои беҳтарини либоси миллии тоҷикон такмил меёбанд ва аҳамияти худро гум накардаанд. Дар замони имрӯз бошад баъзе аз бадхоҳони миллати тоҷик ба монанди ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мехоҳанд, ки бо истифодаи бархе аз қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бароварда истифода бурда мардумро ба иғвогарӣ ва бадандеши ҷомеаи имрузи ҳукумату давлат гардонанд Мардуми тоҷик таърихи бойю ғании либоси миллиро доро мебошад, ки ҳеҷ гоҳ ба гуфтаи як ду суханҳои ночизи бадхоҳони миллати азизамон гӯш намедиҳанд ва барои оромии миллатамон саҳмгузорӣ мекунанд.

Норов Исматулло,

устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ