Амалисозии тадбири “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ санаи 7.04.2021 конфронси байналмиллалии илмӣ-амалии якум таҳти унвони “Шабакаҳои электрикӣ: Эътимодият, бехатарӣ, энергосарфа ва ҷабҳаҳои иқтисодӣ” ба таври бархатӣ баргузор гардид. Конференсияи мазкур дар доираи созишномаи дуҷонибаи байни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Донишгоҳи техникии шаҳри Орел ба номи И.С.Тургеневи Федератсияи Россия бо дастгирии ҳамаҷонибаи директори донишкада узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон, н.и.т. дотсент Саидӣ Дилафрӯз Раббизода барпо гашт. Конфронсро мудири кафедраи шабакаҳои электрикӣ ва системаҳои Донишгоҳи давлатии Энергетикии ш. Қазон н.и.т., дотсент Максимов Виктор Владимирович ҳусни оғоз бахшида, ба кори конфронс барор ва ба иштирокдорон саломатӣ орзу намуд. 

Маърӯзаҳо хеле пурмазмун ва актуалӣ буда, ба ҳалли муаммоҳои соҳаи электроэнергетикаи ҳар ду мамлакат бахшида шуда  буданд, аз ҷумла таъмини эътимодияти системаҳои электроэнергетикӣ дар шароити бозори рақобатнок, омода намудани кадрҳои муҳандисӣ дар низоми таҳсилоти олӣ, самаранокии фаъолиятбарии инфрасохтори электроэнергетикӣ ва иқтисодиёти минтақа ва ғ. Аз тарафи олимони соҳа  дар маҷмӯъ 11 маърӯза пешкаш карда шуд, аз ҷумла маърузаҳои Академияи муҳандисии Тоҷикистон, д.и.и., профессор Авезов А.Ҳ., д.и.и., профессор Авезова М.М., н.и.т., профессор Раҳимов О.С., н.и.т., дотсент Қаландаров Ҳ басо ҷолиб ва шоистаи омӯзиш аст.

Дар интиҳои конфрос Максимов Виктор Владимирович  қайд намуд, ки мақсади асосии конфронс ин мубодилаи афкор байни олимони донишгоҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон бо олимони Федератсияи Россия ва таҳкими ҳамкорӣ барои рушди илмҳои дақиқ мебошад. Дар ин ҷода ба олимони ҳар ду мамлакат  бурдбориҳо таманно карда шуд.