Нерӯе дар ин гетӣ тавонотар аз қудратӣ тавонои неки нест ва қудрате азимтар дар ин ҷаҳон аз қудрати тавонои озодӣ нест. Ба ҳамин маъни ҳамчун як шаҳрванди кӯчаки Тоҷикистон хостори онам, ки арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии бузургам фарохтар ва гироишҳои он бобақотар шавад ва умри безаволи миллатам дар қатори тамаддунҳои дигар поянда монад ва намиранда гардад, зеро ҳастии миллат ҳастии ман аст. Истиқлолу ваҳдаташ тамомии зиндагӣ ва уммеду орззуҳои чандинасраи мардумон аст.

Хушбахтона мо имрўз давлати соҳибистиқлол ва Пешвои муаззами миллатро дорем, ки ҳамеша барои амнияти кишвар камари ҳиммат бастааст. Кормандони ҳ  ушёри мақомоти қудтатӣ дорем, ки бо таҷрибаи бою кордонии хеш пеши роҳи нафарони ба ҷамъият  зиёноварро гирифта, осудаҳолиро таъмин менамоянд. Аммо аз назари думравони наҳзатӣ ба мисоли Саидюнусу Салимпур ин ниҳодҳоро, яъне манфиатҷӯро  “тӯдаи нодонҳо” номидааст. Ин бадгуфторонро, ки миллати моро чунин унвон мекунанд, рӯзе мешавад, ки ин бадкирдориву бадгуфториашон кӯр мекунад, зеро ин ҳама як суханони бӯҳтонангез асту бас. Салимпур ҳоло, аз кадом тӯда будани худро худаш намедонад. Имрӯз ҳамаи ин хоиноне, ки аз рӯи ҳасодат миллати моро зери танқид гирифтанд, бозичаи дасти кадом яку нохалафон гаштаанд. Побанди Кабириву хоҷагони манфиатҷӯ ва терористон ҳастанд. Вагарна як нафаре, ки аз “тӯдаи доноҳо” мебуд, ин Мирзои Салимпуру Саидюнуси Истаравшаниву Алим Шерзамонов ҳеҷ гоҳ ба дасисаву ҳангомасозӣ, ки мардумро иғво меангезанд, даст намезаданд. Инҳо хоиноне ҳастанд, ки қадри озодии миллатро намедонанд. Барои ҳамин нотавон буданашон лӯхтаквор ба дигарон хизмат мекуннанд. Ва боз тавре вонамуд месозанд, ки гӯиё ба наҳзатиҳо рабте надоранду ба маъное худро “озодандеш” мепиндоранд. Аслан тамоми мардум медонанд, ки Мирзо Салимпур кисту Саидюнуси Истаравшанӣ кист? Ҳатто дигар хоинонро медонанд, ки онҳо мубталои пули пучи Кабириву ва ваъдаҳои бардурӯғи ӯ шудаанд. Ва ба хотири манфиату ӯ ҷони худро дареғ намедоранд. Аз ҳамин лиҳоз худашонро тӯдае аз нафарони “ҳамадон” медонанд.

 Ҳар суханронӣ, ҳар мулоқот, ҳар амали Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ, хоҳ дар хориҷи он намунаҳои дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўӣ мебошанд. Дуруст аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозабунёд мебошад ва он дар ислоҳоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аввалин қадамҳои худро мегузорад, вале ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки ин ҳама навсозиҳо бо дили пур ва камоли бовари Президенти кишвар сурат мегиранд. Дар ҳақиқат замоне миллат бо айби ҳамин миллатгароён ба вартаи ҷанги хонумонсӯз гирифтор шуду касе бо матонати мардонагӣ барои хомӯш кардани оташи ҷанг ҷасорат карда натавонист. Пешвои муаззами миллат аз  рузе, ки ҳамчун сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, тамоми тоҷикони ҷаҳонро, ки фирорӣ шуда буданд, сарҷамъу якҷо кард. Сулҳу суботро фароҳам сохта, кишварро ба давлати пешрафта ва тинҷу ором мубаддал сохт.  Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад ва бунёдгузори рушди он, бешубҳа, Пешвои миллат аст. Акунун нафароне муфтхӯр пайдо шудаанду талоши онро доранд, ки сари қудрат биёянд. Аммо бояд донист, мардонагие, ки  Сарваи давлат дар назди халқу миллат анҷом додааст, кори осон нест. Миллионҳо нафарро бовар кунонд, ки ба миллат сулҳу оромӣ меорад. Хушбахтона, сари ваъдаҳои худ истодагарӣ намуда, дар муддати начандон тӯлонӣ кишварро аз бӯҳрони ҷанг раҳо сохта, сулҳро фароҳам сохт. Имрӯз рисолати ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллати мо дар он аст, ки  ба қадри ҳар як пораи хоки ин сарзамин бирасем ва онро ҳифз намоем. Нагузорем, ки ба ин хок чунин нафарои хиёнаткор реша давонанд ва  дарахтеро, ки онҳо ба ин хок шинонидани мешавад, бо якдиливу якдастӣ теша ба решааш занем.

Фозилова М.М.,

устоди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд