Гузаштаи миллати тоҷикро аҷдодони боҷасорату боматонатамон сохта ба мо мерос гузоштанд, мо мардуми шарафманди кишвар дар пайравии Пешвои миллатамон имрӯзро бунёд сохтем. Ва мақсад дорем, ки худро барои ояндагон ҳамчун меросхӯрон тоҷвар ва ба ору номус нишон дода, барояшон фардои дурахшону ободро аз худ боқи  гузорем, то наслхои оянда донанд, ки ҳар кадоми мо ворисони арзандаи абармардони шуҷоъву далер, мардумони сарбаланду ватанпарвар ҳастем. Ва ба хотири пойдории сулҳу амнияти кишварамон талош намуда, ба решаи ин ҷинояткорону хиёнаткорон бо маданияту бо заковати азалии хеш теша хоҳем зад, то дарахти аз ғаразу кина пур гаштаашон бебору беҳосил монад.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз азал бомаданияту бофарҳанг ва меҳандӯсту хештаншинос буд. Қаҳрамонҳое, дошт ки ояндаи миллати худ, яъне имрӯзи моро бар ивази ҷони хеш харида буданд.

Аз ҳамин лиҳоз барои мухолифони кишвар, ки бо ҳар гуна суханони авомфиребона суӣ мардуми мо тӯҳмат мезананд гуфтаниам, ки агар ҳуқуқшиноси тоҷик Файзинисо Воҳидова бар зиддди қоидаву қонуниятҳои кишвар амалкарда бошад, кардааст. Ин барои кори касе ва ба миллате монеа набуд. Суханони ӯ танҳо ҳаминро мемонад, ки бар пайравии мухолифони миллат забон як карда бошад, шояд. Тахмин мекунам, ки шояд муаммои марги мавсуф амал ва  ҳангомасозиҳои наҳзатиҳо бошад. Мусаллам аст, ки ин манфиатҷӯён то анҷом додани кори худ, бечорагону гумроҳонро истифода мекунанд. Дидаанд, ки Файзинисо бемору бечора гашт, фурсатро муносиб дониста, қасди ҷонаш кардаанду чун ҳарвақта онро ба гардани давлат бор карда истодаанд. Боре худ суханони гуфтаатонро андешед, эй кӯрсаводон, ки бегонагонро хуб фиреб медиҳед. Бо ин, ки давлати мо қасди ҷони Файзинисоро кардааст, фарз мекунем бегонагон бовар карданд. Бо кадом ақлатон шавҳари ӯро низ фиреб доданиед. Ҳол он, ки эътироф кардааст, ҳамсараш таи сесол аст, ки гирифтори ин беморӣ шудааст.

Ман ба ҳамаи мардумони ҳушёру зирак ва масъулиятшинос гуфтаниам, ки асло ба суханони ин фиребгарону хиёнаткорон бовар накунанд. Тавре мусоҳиботи коршиносонро оид ба марги номбурда хондам, ҳатто аз ҷониби табибон ҳуҷҷатҳои таҳлиливу ташхисии бемор нишон дода шудааст, ки ба ҷони ӯ бемории Ҳепатити «Б» таҳдид карда, оқибат ӯро ба доми марг кашидааст.

Эътирофи шавҳар ва табибони беморхона нисбат ба вазъи марги Файзинисо далели он аст, ки таоми суханони наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ дурӯғи маҳс аст. Мухолифон ва хиёнаткорони ватан, аъзоёни фаъоли ташкилоти терористии ҲНИ таҳти сардории Кабирӣ ба ин дурӯғу васвасаҳои бемаънои худ ва ҳамқадаҳонатон хотима деҳед, то чакрае аз дараҷаи инсониатон осор монад ва агар ин корро карда натавонистед, пас бидонед, ки ин ҳаёту зиндагӣ аз они носипосону нобакорон нест, зеро хиёнати ватан худ бечорагони дарбадарро беватан кардааст.

 

ХАЙРУЛЛОЕВА Н.А. – муовини декан оид ба тарбияи факултети сохтмон ва нақлиёт