Бо он ки ҷониби қирғиз ҷангро худ оғоз бахшиду имрӯз аз минбарҳои баланд, Тоҷикистонро  роҳбари давлаташ Содир Ҷаппаров таҷовузгар меномад, бояд муборизаи беамон бурд. Магар Содир Ҷаппаров  як бор мӯшикофона таҳлил намекунад, ки чаро низоъ сар зад. Магар куштори бегуноҳи мардум, ки рӯи сӯи маҷид мерафтану ё ба беморхона барои мубориза ба зиндагӣ  ҳадафи тир ноҷавонмардона гаштан бас набуд. Агар Содир Ҷаппаров хирад медошт, ҳар сухани гуфтаашро дар мизони тафаккур бар мекашид. Ин ҷо бар рағми суханони   ин президенти маҳбусӣ суханҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меорем, ки дар ҳаққи ҳамсоягон гуфтаанд: “Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Бинобар ин, мо, ки чунин таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем.

Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем”. Ҳамин гуфтаҳо кифояткунанда аст, ки Содир Ҷаппаров ва кулли мубаллиғони қирғизӣ шарм доранд.

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов