Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани “Ҳафтаи илм” ва мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи чорабиниҳои ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” дар факултети муҳандисӣ – технологӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур барои рушди касбияти донишҷӯёни курсҳои 1 – ум ва 2 - юм ва аз наздик шинос намудани онҳо бо ихтисоси интихобкардаашон мусоидат намуд.  Дар мизи мудаввар коршиносон, мутахассисони варзидаи як қатор корхонаҳои пешқадами вилоят иштирок карданд. Зимни мулоқот онҳо аз роҳи тайнамуда, дилбасӣагӣ ба касб, шавқу завқи хондан, собиқаи корӣ мушкиливу пешравиҳо, омилҳо барои соҳибкасб шуданашон маълумот доданд.

Чунончи донишҷӯёни ихтисосҳои 1-740206 – Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ ва 1-570101- 01 - Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо кормандони Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд Бобоев Раҳимҷон, Оқилов Қурбон ва мутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист Саидов Хуршед сӯҳбати гарму самимӣ оростанд. Аз тарафи мутахассисон барои ҳар ду ихтисос оид ба ташкили тарбияи самараноки экологӣ ва агротехнологии шаҳрвандон, ҳифзи муҳити зист, оқилона истифодабарии сарватҳои табиӣ маърӯза хонда шуд. Ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани муҳити обод, зарркоркарди маҳсулоти кишоварзии тоза барои донишҷӯён баррасӣ гардид. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндаи миллат дар дасти донишҷӯёни ҳозира – мутахассисони ояндаи соҳа мебошад.

Баъди баромад Саидов Хуршед – мутахасси сарраёсати ҳифзи муҳити зист ба китобхонаи факултети муҳандисӣ – технологӣ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Инсон ва табиат” тақдим кард. 

Чунин мулоқоти самаровар санаи 18 апрел бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи саноати сабуки ҷумҳурӣ- ҶДММ “САТН” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” доир гардид. Зимни вохӯрӣ Акмалов Акмалхон, барномасози истеҳсолоти ресандагӣ – бофандагии ҶДММ “САТН”, Гиясова Шоирахон мудири шуъбаи кадрҳои ҶДММ “САТН” ва Раҳматова Муҳаббатхон, сартехнологи истеҳсолоти бофандагӣ аз нозукиҳои касб, ояндаи дурахшон доштани соҳаи саноати сабук дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат  ҳарф заданд.

Мутахассисон барои ихтисосҳои 1-500102 таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва 1-500101 технологияи ришта матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд маърӯзаҳои хуро оид ба муҳиммияти касбҳои интихобшуда, зарурияти азхудкунии фаннҳои тахассусӣ, омӯзиши амиқи фаннҳо ва ривоҷ додани малакаи касбиро баррасӣ намуданд. Аз тарафи донишҷӯён саволҳо оид ба ташкили корхона, раванди коргузорӣ ва нозукиҳои дӯзандагиву бофандагӣ пурсон шуданд.

Чуноне, ки дониш ва маҳорат бояд бо илму амал мустаҳкам бошад ба ташаккулёбии малака, таҷрибаи шахсӣ, инкишоф ёфтани тахассуси донишҷӯён оварда мерасонад. Аз ин рӯ донишҷӯёни дар мизи мудаввар иштирок намуда аз ин чорабинӣ таассуроти амиқ бардоштанд.

Фарангис Маҳмудова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд