ШИНОХТИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИРДар натиҷаи ҷаҳонишавии кишварҳои муттарақӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ чархиши маълумотҳои зиёди сиёсӣ, ки шинохти фаъолитяи экстремизм ва терроризмро мушкил намудааст, ба мо лозим меояд, ки шинохти гурӯҳҳои ифротӣ ва огоҳӣ ёфтани ҷавонон аз маълумотҳои паҳннамудаи онҳо мафҳум ва моҳияти фаъолияти онҳоро шарҳ диҳем, то ки ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд. Чи тавре, ки дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21.01.2021 зикр намуданд: “...пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.”

Воқеан мафкураи сиёсии инсонҳои олам дар ҳолати парокандагӣ қарор гирифта, ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ ба сомонаҳои иҷтимоӣ пайваста ҳаёти худ ва ҳаёти хонаводаи худро дидаву дониста дар зери хатар қарор медиҳанд. Сабаби ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон ин ноогоҳ будани онҳо аз фаъолияти ифротгароӣ ва ғарази нопоки онҳо, инчунин надоштани донишҳои сиёсӣ ва геосиёсии олам мебошад.

Ифротгароӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ ба ақидаҳо, мавқеъҳо ва тадбирҳои ифротӣ, радикалӣ пайравӣ кардани шахсон, гурӯҳҳо, ташкилотҳо мебошад.

Фаъолияти экстремистӣ (экстремизм) инҳоянд:

- ба таври маҷбурӣ тағйир додани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва вайрон кардани низоми қонун;

- сафедкунии оммавии терроризм ва дигар фаъолияти террористӣ;

- барангехтани адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ;

- таблиғи истисноӣ, бартарӣ ё паст будани шахс аз рӯи мансубияти иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ;

- поймол кардани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахс ва шаҳрванд вобаста ба мансубияти иҷтимоӣ;

- монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ аз ҷониби шаҳрвандон ё вайрон кардани сирри овоздиҳӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

- монеъ шудан ба фаъолияти қонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, комиссияҳои интихоботӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ ё дигар ташкилотҳо бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

- таблиғ ва намоиши оммавии сифатҳо ё рамзҳою аломатҳои ба миллатгароӣ монанд;

- даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани ин кирдорҳо ё паҳнкунии оммавии маводи ифротгароёна, инчунин истеҳсол ё нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн кардани он ба омма;

- ошкоро айбдоркунии бардурӯғ нисбат ба шахсе, ки мансаби давлатиро ишғол мекунад;

- маблағгузории ин санадҳо ё кӯмаки дигар дар ташкил, таҳия ва татбиқи онҳо, аз ҷумла бо роҳи таъмини базаи таълимӣ, полиграфӣ ва моддию техникӣ, телефонӣ ва дигар намудҳои алоқа ё расонидани хизматрасонии иттилоотӣ.

Маводҳои экстремистӣ хуҷҷатҳое мебошанд, ки барои интишор ё маълумот дар дигар воситаҳои ахбори оммавӣ, ки ба амалӣ гардондани амалиёти экстремистӣ даъват мекунанд ё зарурати ин гуна фаъолиятҳоро асоснок мекунанд.

Терроризм дар адабиёти ҳуқуқии ватанӣ як шакли шадиди зуҳуроти ифротгароӣ дониста мешавад.

Терроризм як падидаи мураккаби иҷтимоию сиёсӣ ва ҷиноятӣ мебошад, ки дар натиҷаи зиддиятҳои дохилию берунии рушди ҷомеа ба вуҷуд омадааст. Терроризм ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷомеа ва давлат таҳдид мекунад, ки яке аз навъҳои хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.

Терроризм аз рӯи моҳияти иҷтимоию сиёсии худ ин истифодаи мунтазами аз ҷиҳати иҷтимоӣ ё сиёсӣ асосёфта, аз ҷиҳати идеологӣ зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он мебошад, ки тавассути тарсонидани шахсони алоҳида рафтори онҳо ба самти манфиатбахши террористон ва ҳадафҳои пешбинишуда аз ҷониби террористон ба даст оварда мешаванд.

Терроризм якчанд унсурҳои ба ҳам алоқамандро дарбар мегирад: идеологияи терроризм (назарияҳо, консепсияҳо, платформаҳои идеологӣ ва сиёсӣ), сохторҳои террористӣ (ташкилотҳои террористии байналмилалӣ ва миллӣ, экстремистӣ – рост ва чап, миллатгароӣ, динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои ҷинояткории муташаккил ва ғайра), инчунин амалияи воқеии террористӣ (фаъолияти террористӣ) мебошад.

Соли дувум аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар саросари Ҷумҳурӣ гузаронида шуда, истеъдодҳои навба нави ҷавонон кашф шуда истодааст. Ба он бовар ҳастем, ки сафи китобхонҳо зиёд гашта, донишҳои сиёсӣ нисбат ба халқамон ва халқҳои ҷаҳонӣ пайдо гашта, зиракии сиёсиро ба даст меорем.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд