Шурӯъ аз санаи 29.08 2018 то 1.09.2018 дар вилояти Суғд дар доираи нақша чорабиниҳои  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар  Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои СҲШ ва ИДМ таҳти унвони “Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир” доир гардид. Дар фестивале, ки дар лагери “Шоҳин” –и шаҳри Гулистон таҳти унвони  “Инноватсия ва иҷтимоиёт” баргузор гардид,  ҷавонон аз ҳафт давлатҳои узви ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) ширкат варзиданд.

Донишкадаи  политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дар ин фестивал, хаймаи пурмазмуне аз дастовардҳои амалии инноватсионии олимони ҷавони донишкада  оростанд, ки диққати тамошобинонро бештар ҷалб намуд ва иштирокчиёни фестивал ба корҳои инноватсионии олимони ҷавони донишкада баҳои баландро сазовор донистанд. Барои иштирокчиён хоссатан корҳои инноватсионии кафедраҳои дизайн ва меъморӣ, маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, сохтмон, низомҳои иттилоотӣ ва барномарезӣ писанд гардид.

Дар конференсияе, ки дар толори истироҳатгоҳи Бонки миллӣ бо иштироки чавонони эҷодкори вилоят ва меҳмонон доир гашт, қайд карда шуд, ки минбаъд ҳамкори байни ҷавонони эҷодкор вусъат ёфта шавад. Шоми 31.08.2018 дар боғи фароғати истироҳатии  К.Хуҷандӣ барномаи фарҳангии рангоранги Шоми ҷавонӣ баргузор гардид.

Бо ҳамин фестивал ба кори худ хотима бахшид.

Аминов Амирхон,

донишҷӯйи курси 4,

 ихтисоси 700201тв