Баҳри баланд бардоштани ҳисси хештаншиносии ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбҳои экстремистиву-террористӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ бахусус дар байни ҷомеа чораҳои махсус андешида ва барои пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба роҳ монда истодааст.

Ба ҳама маълум, ки бо вуҷуди мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардану соҳиби озодиву ободӣ будани мамлакатамон, вазъи сиёсии кишварамон  вақтҳои охир як дараҷа бинобар тухми нифоқро барангехтани ТЭТ ҲНИИ  нигаронкунанда гардид. Зеро дар остонаи баистифодадиҳии агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» чанде аз маҳбусони ифротии аъзои ин ҳизб миёни маҳбусон ошӯббарпо намуданд, ки натиҷа хуни чандин нафар бегуноҳон рехта шуд.  Ташиклоти террористии ҲНИ ба ҳар роҳу усул азҳоби ифротии худро миёниии мардум тарғибу ташфиқ намуда истодаанд, то ки ба обрӯи кишварамон латма зананд.  Дар раванди тарғиботи ҳизбҳои терористӣ, шабакаҳои интернетӣ воситаи аввалиндараҷаи наҳзатиҳо, махсусан таҳти раёсати наҳзатиҳо қарор дошта гаштааст.

Кишвари мо имрӯз соҳиби Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу ягонагист. Инчунин барои беҳтар намудани некуаҳволиии мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош варзида истодаанд, то мардуми кишвар зиндагии шоиста дошта бошанд. Исботи гуфтаҳои болост, ки Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ маҳз бо хизматҳои фарзандаи фарзонаи миллат, Пешвои муаззами халқ ба даст омадааст. Рӯйдоди муҳими таърихие, ки чанде пеш дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваст, ба истифода додани аввалин чархаи нерӯгоҳи азими аср, НБО – и «Роғун» худ далели гуфтаҳои болост. Дар умум Сарвари давлат бо ба кор даровардани ин нерӯгоҳи азим ба афсонаи панҷоҳсолаи маллати тоҷик хотима бахшида, онро ба ҳақиқат мубаддал сохт. Аммо бадбахтона, ки инро баъзе аз нобиноёну кӯрдилон намебинанд ва аниқтараш чашми дидан надоранд. Зеро ҳар як пешравии миллати мо барои ин мухолифону хиёнаткорони Ватан мотамеро мемонад, ки ботинашонро сиёҳ сохтааст. Вале ин бадбиниву сиёҳдили рӯзе ин наҳзатиҳоро бо роҳбарии Кабирии нотавон аз имрӯза беш дарбадару ғариб месозад. Он вақт мефаҳманд, ки нону намаки Ватани озоду ободи зодгоҳашро пушти по зада, имрӯз бечораву ғариб гаштаанд.

Замоне ба мисоли ҳамин исломгароёни роҳи адоват вазъияти миллати моро муташанниҷ сохта, кишварро ба харобазор мубаддал карданд. Аз ин нобасомони миллати тоҷик даҳсоли пешравии худро бохт. Аз тарафи дигар назар андозем, ин таҷрибае буд, ки мардум ҳар чи масъулиятдору ватандӯст бошанд. Ҳоло бошад, имрӯз низ чунин ақидаҳоро наҳзатиҳо миёни мардум паҳн карда, вазъиятро ногувор карданӣ шуданд ва аз чунин ҳолат ин ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ  хостанд, ки ба фоидаи худ истифода баранд.  Барои ин намояндаҳои онҳо дар маҳалҳо зери ниқоби дини мубини ислом (гарчанде, ки аз ислом онҳо хеле дуранд), мардумро ба ҳар гуна амалҳои зидди инсонӣ даъват мекунанд.  Афсӯс,  ки  нафароне ёфт мешаванд, ки ба доми чунин ҳизбҳо ё ин ки шахсони алоҳида меафтанд. Ба вадаъҳои бардурӯғи онҳо оиди он, ки гӯё дар давлати исломӣ  зиндагии «афсонавӣ» онҳоро интизор аст,  бовар мекунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд,  бо ҳар роҳ,  шомили ин давлат шаванд, ё ин ки дар маҳалли зисти худ фармонҳои онҳоро иҷро кунанд. Оё онҳо намефаҳманд, ки ҷони онҳо барои эмисарҳои ин ҷунбишҳои террористӣ  бо як пули пуч кадрдонӣ намешаванд. Онҳо дар ҷангҳои беадолатона беному нишон шуда мераванд.

Ҳамин тариқ моро мебояд, ки баҳри ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллии хеш содиқ бошем, як порчаи хоки Ватанро баробари ҷони худ ҳифозат намоем. Дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, дар пайравии ақидаҳои созандаи Пешвои миллат, якҷоя бо ин вабои асри XXI  мубориза барем. Мардумро, хоссатан ҷавононро даъват кунем, ки ба донишомӯзи машғул шуда, соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун шаванд ва дар ободонии ватани азизамон ҳиссаи худро гузоранд. Дар Тоҷикистон, миқдори ҷавонон дар ҷамъи аҳолӣ,  аз 50% зиёд мебошад ва агар  ин нерӯи пурқувватро  ба самти дуруст истифода барем, бадин васила, ояндаи Тоҷикистон  хеле дурахшон аст. Ҳар як фард бояд аз Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фахр кунад. Мо бовари дорем,  ки ягон қувваи ифротгароёна тинҷию оромии кишвари азизамонро  вайрон карда наметавонад.

 

Аминов Ф.А. – устоди ДПДТТ ба номи академик М.Осими