Чӣ тавре ки медонем, дар замони имрӯза бисёр ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки ҷавононро бо ҳар гуна воситаҳо мехоҳанд аъзои худ бигардонанд ва бар зидди давлат, қоидаву қонунҳои кишвар бароянд.

    Аз сабаби чӣ ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳо шомил мешаванд?

  Якчанд ҳизбҳое ҳастанд, ки амалкунии онҳо дар дохили кишварамон манъ карда шудааст, ки фаъолияти пинҳонӣ карда истодаанд. Ва онҳо бо ҳар гуна роҳу воситаҳо мехоҳанд ҷавонон ва умуман одамонро аъзоёни худ бигардонанд. Онҳо бисёртар бо воситаи шабакаҳои интернетӣ, бо пахши ҳар гуна видеороликҳо фикру андешаҳои одамонро дигаргун мекунанд. Шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, асосан дар байни наврасон ва ҷавонон дида мешавад. Сабаб дар он аст, ки аксарияти ҷавонон вақти холигии хешро дар беҳуда истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва тамошои видеороликҳои беҳуда, сарф мекунанд. Онҳо дарки онро надоранд, ки вақти инсон ғанимат аст ва онро бояд сарфакорона истифода бурд.

     Шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун оқибати хуб надорад ва мувофиқи кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дода мешавад. Ҷавонон бояд вақтҳои холигии худро беҳуда дар шабакаҳои интернетию дохилшавӣ ба ҳар гуна сайтҳо истифода набаранд, балки дар хизмати падару модар бошанд, ба варзиши ҷисмонӣ машғул шаванд,  бо хондани асарҳои бадеию худомӯзӣ машғул шаванд ва набояд фаромӯш созанд, ки ояндаи ҳар як инсон дар дасти худи ӯст.

Каюмова М.Г., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд