Шукри даврони истиқлолият аст, ки мардумони миллати мо соҳиби фарҳанги бойи адабиёту санъат ва дигар арзишҳои миллӣ ҳастанд ва бисёр мехоҳам қайд намоям, ки нафарони зиёде ба хотири муқаддас доштани ин мамлакат корҳои хотирмонеро паси сар намудаанд ва як анъаноти некеро ба имрӯзиён ҳадя сохтаанд, ки дар роҳи ба озоди баровардани ватани маҳбубамон заҳмату меҳнатро на барои шӯҳрату номи воло доштан ба хотире, ҷоннисори намоянд, ки ояндагон аз он баҳра баранд ва боиси ибрати онон гардад, ки ватандӯстиву ватанхоҳӣ мароми мост. Ҷоизи қайд аст, ки мо аз ҳамон фитнаҷӯю ифротгарон дар чи мутафовит ҳастем, сухан дар сари он аст, ки мардуми тоҷик тамоман дар тинат фарқият дорад. Вақте сафҳаҳои таърихи гузаштаамонро варақгардон менамоем он гоҳ ошно хоҳем гашт, ки то ба кадом андоза миллати ориёитабори мо баҳри Истиқлолияти давлати талошҳо варзидаанд. Дар амали намудани орзуҳои чандинасраи миллатамон, ки ба мустақилияту озоди баровардани халқ буд, бахусус саҳми мардону занони шуҷову меҳанпараст басо назаррас аст. Ин буд, ки баъди ба даст овардани ин неъмати гаронарзиш тамоми халқ хешро сарбаланду комгор шуморида паи зиндагии осудаву шоистаро мегирем, то саодатмандтарин мардуми рӯи олам бошему зиндагии боиззат дошта барои наслҳои оянда низ фардоро дурахшон тақдим намоем.

Худоё Тоҷикистонро нигоҳ  дор,

Ту ин боғи гулафшонро нигоҳ  дор.

Барои ман , барои миллати ман,

Ҳамеша Тоҷикистонро нигоҳ  дор.

                                                                                                                                                                                                                Дадахон Ҷӯраев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд