Имрӯз боиси таассуф аст, ки бархе аз давлатҳои олам рӯзҳои сиёҳи миллати тоҷикро аз сар мегузаронад ва орзу дорад, ки сулҳу ваҳдат дар кишварашон поянда гардад.

Ҳар фарди алоҳидаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бояд аз сулҳу субот, фаровонӣ, истиқлолияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, фазои ободи меҳан ва соҳибихтиёриву демократӣ шукрона гуфта, ҳамеша ба Ватану миллат содиқ бошанд. Нагузоранд, ки хоинони миллат он ҳадафҳои нопоки хешро дар кишвари биҳиштосои мо амалӣ намуда, қалби модарони муштипару кӯдакони маъсумро шикаста гардонанд.

Мардуми тоҷик аз ному нишони чунин ифротгароён безор асту вуҷуди онҳоро дар миллат, бахдбахти медонад ва алайҳи ин нобакорон то дар нафас ҳаст мубориза хоҳад бурд.

Худи нағмаҳои Кабирӣ кам аст, ки имрӯз дар ҷоёгоҳи холимондаи ӯ ташкилоти террористӣ бо номи Гӯрӯҳи 24 ақидаҳои ифротгароиро миёни мардум паҳн намуда, ба ҳар восита аъзоёни худро бо гумроҳ кардани ҷавонон бо истифодаи аз маҳфумҳои ба акидаи худ «исломӣ» афзун карданианд.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкату ҷамъиятҳо, гурӯҳҳо ва ашхоси алоҳидае  пайдо шудаанд, ки бо баҳонаи гирифтани таълими хуб ҷавононро ба давлатҳои хориҷӣ интиқол дода, онҳоро ба ҳоли худ мегузоранд. Дар натиҷа бисёр ҷавонони тоҷик гумроҳ гашта, ба марказҳои террористию ифротгароӣ меафтанд. Дар ин марказхо дар қатори илмҳои динӣ ба ҷавонон тарзу усулҳои муносибат бо моддаҳои тарканда, истифодаи намудҳои гуногуни яроқ омӯхта мешавад. Пӯшида нест, ки баъд аз баргаштан барои ноором кардани вазъи сиёсӣ - иҷтимоии кишвар, ғояҳои носолими созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистиро ба таври пинҳонӣ таблиғу паҳн мекунанд.

Мо тариқӣ оинаи нилгун шоҳиди ҳодисаву воқеаҳое гардида истодаем, ки фаъолияти ҲНИ дар кишвари мо замоне ба сари мардум  чи бадбахтиҳое оварда будааст. Ҷавонони миллатро гумроҳу саргардон ва дар кишварҳои ҷангзада гирифтору маъюс карда,с ари ҷавони онҳоро хӯрдаанд.

Сабаби асосии ин зуҳурот бешубҳа таблиғоту ташвиқоти чашмраси доираҳои динӣ ва болоравии таъсиру нуфузи онҳо дар ҷомеа нисбат ба намояндагони табақаи зиёӣ мебошад. Имрӯз кор ба ҳадде расидааст, ки ҳидояту насиҳатҳои устодони тамоми сатҳҳои таълиму тарбия дар муқобили як гуфтаи муллои чаласавод арзише надоранд ва мо бояд ин ҳақиқати воқеиро бипазирему ҳар чӣ зудтар аз пайи ислоҳи он кӯшем. Мо бояд ҷойгоҳи муаллимро ба он  мавқее, ки қаблан дошт, баргардонем.

Мо аз асли тоҷикзодагонем, мо ориёием, мо ворисони Сомонии давлатофар ва меҳандӯст ҳастем ва ин оин ин арзиш ин анъанаи неки ниёгони хешро набояд ба замин гузошта арзиши оллии онро зери по гузорем. Чун мо ба ин ҳатто ҳақе ҳам надорем. Мо шукргузорем, ки дар чунин ватани ободу озод умр ба сар бурда истодаем ва ин ҳама боиси нусрат ёфтани миатамон мегардад ба он шарте, ким о арзиши ин дастовардҳоро дониста бошему суботи ҷомеаро рушд бахшем. Агар ҳар кадоме аз марудмони бошарафи халқи азизамон барои адои содиқонаи қарзи хеш, яъне барои ҳимоят аз сулҳу суботи миллат ба ватани хеш хизмат намояд, маҳз ҳамон вақт барои устувории пойдевори давалати абарқудрати тоҷик асоси воқеи ба миён хоҳад омад.
Амон Акбарович Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд