Дар ҳошияи муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат

Шукри меҳан, шукри сулҳу шукри ваҳдат мекунам,

Умри сабз, ҳам ҷону номамро фидоят мекунам.

Кишвари фархундаву фирўзу хушиқболи ман,

Рамзи миллат, зарраи хокат, ҳимоят мекунам.

Кишвари тоҷик, ки имрӯз бо мақоми хоса дар байни мамоликҳои тамоми олам шинохта гардидааст, имрӯз оғоз аз Пешвои миллат то мардумони ватанпарсту нобиғагони тарбиятгараш, барои боз ҳам пешрафт намулани кишвар ҳаматарафа саҳм гирифтаанд. Хушбахтии ҳар як қавму миллат дар он аст, ки мардумонаш мутаҳҳид бошанду тифоқро пеша кунанд.  Пайрави давлату миллат ва сарвари давлат бошанд. Мусаллам аст, ки Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол нав ба синни 28 даромадаву мустақилияти давлатиашро ба даст гирифтааст. Ҳамин буд, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии олам ба пеш, ба роҳи ободиву озодӣ мунтазам қадам мезанад, ки ин ифтихори тамоми мардуми хештаншиноси миллати кӯҳантамаддуни тоҷик бояд бошад.

Мутаассифона, имрӯз боз як қабил афродон ҳамаи ин озодиву ободӣ ва ин мустақилияти давлати  комилҳуқуқамонро нодида гирифта, фирефтаи ду танга пули ночиз ва ё ҳар гуна суханҳои бардурӯғу ифротгароёнаи атрофиён мегарданду роҳи худро дар чаҳорсӯи зиндагӣ гум мекунанд. Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки алалхусус ҷавонони мо ба фиребу найранги бардурӯғи хоҷагони беруна бовар намуда, имрӯз ба хотири ҳеҷ як чизи нодаркор худро дар майдони бесару сомони дигар мамоликҳои дунё мебинанд. Афроди комилақл наметавонад ин корро кунад, зеро ҳар як сухану ваъдаҳое, ки гурӯҳҳои мухолифин мегӯяд ба зиндагии орому осоиштаи мо зарар меорад, на нафъ. 

Барои ҳар кадоми шаҳрванди баору номуси миллат, озодӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ қадрқ қиммати хосе бояд дошта бошад. Маҳз он нафароне, ки оташи ҷангӣ хонумонсӯзӣ солҳои 90 –умро дидаву маззаи онро чашидаанд, хело хуб медонанд ва талқин менамоянд, ки имрӯз бояд арзиши ин фазоро донем ва онро ҳифзу ҳимоя намоем. Вагарна ҳамон “исломгароён” дар ниқоби ислом имрӯз низ барои вайрон кардани ин фазо саҳм гирифтанианд. Якпорчагии ин марзу бум барои ҳар кадоми мо муҳим аст, ба хотире ки баҳри ба даст овардани он неъматҳо хазорҳо нафар дар роҳи адолату хақиқат ҷоннисориҳо кардаанд. Дуруст аст, ки барои  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо ҷони худро фидои ин сарзамини муқаддас намудаву сад афсӯс, ки дар ҳамон замон  ҳам як қабил нафароне хони миллатро  пушти по задаанд. То кунун ҳастанд нафароне, ки  намехоҳанд кишвари замоне ҷангзадаву имрӯз дарои истиқлолият шуда пеш раваду дар ҳоли рушд бошад. Ба ҳамин  маънӣ чанд сухани дигереро ҳам мехоҳам замима кунам, зеро ҷоизи қайд аст, ки як гурӯҳи  махсуси  террористон  дар ҳамаи  манотиқи олам  маскан гирифтаву  кори тарғиботиву  ташфиқотии  хешро идома дода истододаанд ва   сабаби гумроҳ намудаи ҷавонони мо дар он аст, ки дар  ниҳоди  онҳо  илми дини  мубини  Исломро ғалат  мефаҳмонанд, гуё  агар  фирефтагон  ба суханони бадхоҳон  амал кунанд  дунёро аз ҳамаи  нопокиву олудагиҳо  софу тоза  мегардонанд.

Ҳифзу ҳимояи кишвар имрӯз дар дасти мо ҷавонон аст. Дини мубини ислом, динест, ки моро ба роҳи рости зиндагӣ ба ҳаёти арзанда талқин мекунад ва фазилати неки инсониро дар мо тарбия мекунад, на ин ки ба куштору қатл ва ғорат водор месозад. Ин таблиғоти ғалату бӯҳтоангез танҳо макри терористону ифротгарон аст. Мо мардуми саодатманди диёр ин амалҳо ва фаҳмишҳои ғалати мухолифонро маҳкум менамоем ва бар зидди ин фасодкороне, ки барои барҳам задани дини мубини Ислом талош мекунанд, мубориза хоҳем бурд.

Қаҳҳор Бӯриев,

номзади илмҳои физика ва математика,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд