Шукронаи миллати давлату ободу озод ва соҳибистиқлол, ки ин неъматҳо моро дар тамоми олам саодати беназир додаву ваҳдатамонро вусъат бахшида, сулҳи бебозгаштамонро пойдор сохт.

Тоҷикистон, Ватани азизу маҳбуби ман, кишвари ҳамешабаҳору дилрабо ва соҳибтамаддуни тамоми тоҷикони дунёст. Кишвари азизи ман, имрӯз бо шукргузори аз фазои ободу софу беғуборат меболаму менозам. Дар васфат шоирона месарояму саҳфаҳои хотиротамро бо мисраъҳои дилнишин андар ситоишат пур менамоям. Ту бароям хонаи ободиву маскани дилшод ҳастӣ. Баҳорат сабзу гулафшон, заминҳоят аз сабзаҳои тару тоза рӯида қабои сабз  пушон аст. Ту ин қадар зебоӣ ва назокати бениҳоят аъло дорӣ. Вале медонам, ки нафароне ҳастанд, қадри ин зебоию тараққиёти бемайлони туро намедонанд. Тавони дидани озодиатро надоранд. Аммо медонам, ки ту хоки поки муқаддас дорӣ. Ту аз ин замин барои миллат ва барои наҷоти давлат, озодандешону ватандӯстонро офаридаӣ, ки хиради азалии онҳо силоҳест бар зидди душманони миллат. Бар зидди онҳое, ки арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва пешравиҳои туро пушти по заданианд.

 Мо насли хушбахтем, ки Яздони пок бар сари мо нури Раҳмонро пошидааст. Ва ин нур мо ҷавононро дар ин даврони Истиқлолият саодат додаву хирадпеша кардааст. Зеро мо Пешвои муаззаме дорем, ки ҳатто ба хотири зиндагии хурраму ободу озоди мардуми тоҷик манфиатҳои милливу давлатиро пеш аз манфиатҳои ҷонии хеш гузоштааст. Зеро ба миллати мо сулҳ овард, ваҳдат пойдор карду миллатро аз гирдбоди ҷанги хунини бародаркуш раҳо бахшид. Ҷанге, ки бо айби Кабирибарин “саховатманду доротарин парлумони кишвар” сар зада буд.

Инак мо наздики 30 сол мешавад, ки дар фазои сулҳу амният ва ваҳдату ягонагӣ зиндагии осудаҳолонаро ба сар мебарем. Ва ақидаи ифротии Кабириро дар ҳар мусоҳибаҳояш бемаъною дурӯғ пиндошта, онро ҳамчун василаи барангехтани низоъ дар кишвар медонем. Зеро ягона ҳадафи наҳзатиҳои мазҳабфурӯш ин вайрон намудани фазои ягонагиву якдилии мардум  буд ва ҳамин гуна боқӣ монд.

 Барои мо ин ҳама арзишҳои олии кишва қадри воло дорад, зеро мо як бор аз ҷангу низоъ таҷриба кардаем ва дигар барои такрор ёфтани он ҳолат иҷозат нахоҳем дод.

Тоҳиров Т.И., омӯзгори калони кафедраи А ва ИН