Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё ҳамеша дар талаби марди оқил аст.

 

   Асрҳо мегузаранд,  аммо разолат, ҷаҳолат, худбинӣ ва носипосӣ дар ростои ҳамсоядорӣ аз ҷониби қирғизи ҷангҷуй абадан дар таърих бо хати сиёҳ сабт хоҳад шуд!!!

    Шумо дар китоби  таърих абадан варақи сиёҳро эъҷод намудаед, ки сари хами фарзандону ояндагонатон аст ….!

     Шумо ба намунаи ҳамзистии Тоҷику Қирғиз бо амалҳои  муғризона ва ношоиста доғ овардед.

    Таърих гувоҳ аст, ки қирғиз аз Сибир таввасути доманакўҳҳои Олтой  ва баъдан ба минтақаҳои ғарбу ҷануб ҳаракат карда ба ҳудудҳои Қирғисистони кунунӣ расидаанд. Мусаллам аст, ки ҳудуди кунунии Қирғизистон бо далолати зиёди таърихӣ меҳани аслии ориёиҳо будааст. Мо борҳо аз амалҳои ғайриинсонӣ, бешарафию риоя накардани оини ҳамсоядорӣ ва дағалона вайрон намудани созишҳои қаблан имзошударо аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз дидаву гунидаем, ки ба ҳайси як тоифаи инсонкуш  муаррифи шудаед.

- Магар шумо оне нестед, ки дар асрҳои 16-18 дар ҷангҳо шикаст хўрда ҳамчун гурезаи иҷборӣ ба сарзаминҳои тоҷикон аз ҷумла Фарғона, Рашт( қаротегин) Мурғоби Бадахшон ва дигар минтақаҳо паноҳанда шудед!?

- Як бор ба сарчашмаи таърихии муаррихи тоҷик дар асри 17, Маҳмуд ибни Валӣ дар китоби «Баҳр ул асрор фи маноқиб –ал –ахйёр» оварда шудааст, ки шаҳрҳои Андиҷон ва Ош ҳамчун шаҳрҳои ободу зебо ва бостони будаанд, ки дар солҳои 30-40-и асри 17 қирғизҳо дар Ош ва атрофи он сокин набуда, дар гўшаву канории он тохту тоз мекардаанд. 

- Шумо насли ноогоҳи қирғиз китобҳои илмӣ ва таърихиро варақ зада хоне два бояд джонед, ки миллати Тоҷик вориси Сптамен, Деваштич, Шераку Муқаъна Темурмалику, Восеъ аст, ки барои ҳифзи зарра зарра хоки Ватан  ҷони худро сипар ва аз устухони хеш сутуни ҳифзи сарҳад месозад!

    Мо ҳар нафас муттаҳидтар, бедору огоҳтар ва дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллат усутвору қавитар мегардем.

 Мо шеваи ҳамбастагӣ ва якдиливу яктаниро дар ростои ҳифзи музаффариятҳои Ватан аз гузаштагони бо ору номусамон омўхтаем ва ҳифзи сарҳад барои мо ҷойгоҳи муқаддас ва майдони нангу ори Ватандорӣ аст.

  Дасисаҳои бемаврид, ҳаракатҳои ҷинояткорона, амалҳои зишту нангин, ҳамлаҳои ноҷавонмардона, таҳрибкорона ва доғ овардан ба ҳусни ҳамсояги дар вақтҳои наздик шуморо дар миёни замону ҷаҳон шармсор ва сархаму бе иззат гардонидааст.

  Тамоми уҳдадориҳои байналхалқиро бо истифода аз амалҳои ғайриқонуниатон вайрон намудаед.

 Шаҳрванди солдимфикр қирғиз аз амалкардаи нангини шумо дар тааҷуб аст, охир оини ҳамсоядорӣ риолати бузур аст. 

 Аз ҷониби афсарони шумо ҳамла ба шаҳрвандон, занон, ноболиғон, муйсафедон, занони ҳомила, мардуми осоишта, оташ задан ва харобу валангор кардани амволи марудм  ваҳшонияти гушношунид ва амали нобахшиданист !

 Афсарону сарбозони Тоҷик бо баҳои ҷони ширин худмарзу буми Ватани соҳибистиқлолро аз ҳуҷуми муасалаҳона, аҳдшиканона ва номардонаи неруҳои низомии Қирқиз ҳимоят кардаанд. Сари таъзим ба афсари Ватан !!!

   Шарофати кулли Тоҷикистониён дар он аст, ки якдилона амалҳои нангини шуморо маҳкум мекунанд, зеро хиради азалии халқи Тоҷик аст, ки барои дифо аз забону ватану марзу буми худ ҳамеша омода аст. 

Насли огоҳу ватандўсти тоҷик аз тифли гаҳвора то пири хирад дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ғамхору чашмбедор ҳастанд.

   Мо ҳаргиз мардуми шарифи Тоҷик таърихан ва табиатан мардуми ҷангуҷуй ва ғосиб набудаем ва дар фазои оромию ҳамдилӣ зиндагӣ намудан, пос доштани ҳақи ҳамсоя, эҳтироми хурду бузург, шунидани панду насиҳати бузургон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, нигоҳ доштани шарофати таърихии ҳазорсолаҳои худ, арҷ гузоштан ба неъматҳои истиқлол, ҳифзи марзу бум, забону расму оини миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ то ба имрўз умр ба сар бурдаву ин оини некро ба ояндаҳо ба мерос мегузорем.

   Рисолати таърихии мо имконият намедиҳад, ки  ғосибу роҳзан, мунофиқу вайронкор ва палиду бефаросат бошем

Мо дорои қудрати бузур ҳастем !

Мо шарофтаи ҳар як фарзанди огоҳи миллатро пос медорем !

Арзиши Истиқлолу озодӣ барои мо муқаддас аст !

Пойдевори давлатдории Тоҷикон то абад мустаҳкаму пойбарҷост !

Дар роҳи ватандорӣ камари мустаҳкам ва қадамҳои устувор дорем !

Зиҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол !

Поянда бод Ваҳдати миллӣ !

 

      Ҳар касе ҳамсояро дилхаста кард,

  Ҳақ дар ҷаннат ба рўяш баста кард !

 

    Ширинбекзода Садриддин Авазбек