Соли чорум аст, ки бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ - амалӣ сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Ин дафаъ конференсия бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, мавзӯҳои муҳими соҳати сифати таҳсилро матраҳ намуд.

Дар кори конференсия муовинони сарварони як қатор мактабҳои олии вилоят, олимону донишҷӯён ширкат доштанд.

Конференсияро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба ҳозирин расонид. Номбурда дар баромадаш аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузори конференсияи имрӯза баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз таҷрибаю малака ва маҳорати корбарии устодону навовару навҷӯ дар такя аз технологияи муосири таълим мебошад. Конференсия дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Маҷлиси Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат махсусан қайд намуданд, ки  “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.

 

Сипас Умарҷонов А.А,  номзади илмҳои техникӣ, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Проектирование инженерных образовательных программ в соответствии со стандартами подхода CDIO-залог успешной международной аккредитации образования”, Маҳмадшо Маҳмадшоев, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таъмини сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, Абдуллоева Адолат номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи идораи сифати ДДҲБСТ дар мавзӯи “Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди машғулияти лексионӣ” , Мухторов Саидқосим, номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ДИС ДДТТ дар мавзӯи ““Зарурияти гузаронидани аккредитатсияи байналхалқии барномавии ихтисосҳо дар асоси ҷалб намудани Агентиҳои назорати сифати таълими Иттиҳоди Аврупо”, Насим Тошхӯҷаев, номзади илмҳои химия, мудири шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи “Консепсияи сифат ва меъёрҳои асосӣ”, Раъно Исомадинова, номзади илмҳои физикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  оид ба фаъолияти Шӯрои экспертӣ дар ДПДТТ маърӯзаҳои ҷолиб намуданд.

Бо ҳамин қисми аввали конференсия анҷом ёфта, дар қисмати дуюми конференсия муаллифони мақолаҳои илмӣ дар ҷаласаи планерӣ навиштаҳои худро асоснок карданд.