Имрӯзҳо дар айёми ба ҳам омадани тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, густаришу паҳншавии экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо боиси  нигаронӣ ва ташвиши ҳамагон  гардидааст.

Тавре ки равшан аст,  экстремизм  мазмуну моҳияти ниятҳои ғаразнок, ифротгароиву тундравӣ ва терроризм падидаи номатлуби  иҷтимоӣ- сиёсӣ ва ҷиноиест, ки аз муқобилиятҳои дохилию берунаи ҷамъият ва  баъзе аз афроди сиёҳтинат асос меёбад.

Экстремистону террористон мақсаду ҳадафҳои хешро тавассути зӯроварӣ, тарсу ваҳм ва куштор амалӣ намуда, ҷамъиятро ба сарсониву нигаронӣ ва бадбахтиву ноумедӣ мувоҷеҳ месозанд.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон гувоҳи он аст, ки экстремистон ва терористон барои расидан ба ҳадафҳои худ бештар ба идеологияи динӣ рӯ оварда, Исломро ҳамчун идеологияи сиёсӣ истифода мебаранд ва дар ин ҷода мардумро ба ҷиҳод даъват менамоянд. 

Дар замони пешрафти илму техника ҳар шахси солимфикр аз тариқи интернет метавонад маълумот пайдо кунад, ки маънои аслии ҷиҳод барои зиндагии созгор саъю талош ва ҷидду ҷаҳд кардан аст.Ҷиҳоде, ки ифротиён пешниҳод мекунанд, худкушист.

Коршиносон бар он назаранд, ки имрӯз бештар ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор гирифтаанд. Омилҳое, ки ба гирдоби чунин ташкилотҳои экстремистӣ ва терористӣ гирифтор гардидани ҷавонон ва онҳоро раҳгуму  бар зидди манфиатҳои миллӣ раҳнамун сохтан, ин паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, маърифати сиёсиву фарҳанги иттилоотӣ ва зудбовариву сабукфикриро тақозо менамояд.

Дар робита ба ин нуқта дар бештари баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавовон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ истода гузашта, мудом ҷавононро ба зиракии сиёсӣ ва огоҳ будан аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир даъват менамоянд.

  Бинобар ин ҳамаи моро дар якҷоягӣ зарур аст, ки барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии ахлоқиву фарҳангӣ ва диниву сиёсии ҷавонон чораву тадбирҳои мушаххас андешем. Зеро Тоҷикистон Ватани мост, таъмин намудани фазои орому осуда дар кишвар низ аз ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос вобастагӣ дорад. Пас биеёд, дар соли истиқболи ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон - Тоҷикистон аҳлона  дар тарбияи дурусти ҷавонон бевосита талош варзида, ба ин васила дар пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузорем.

 

Насим Тошхоҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд