Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома ёфта, боиси афзоиши шумораи ҷангиёни иҷборӣ, гурезаҳо, бекорон, гуруснагӣ ва тезу тунд шудани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ  мегарданд.Терроризм ва ифротгароӣ, ки дар миқёси то ҳол дида нашаванда, паҳн шуда, бо оқибатҳои даҳшатовар ва фоҷиабори худ ба мушкилоти чиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст”.

         Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳар дафъа дар суханрониҳои худ таваҷҷуҳи падару модарони насли наврас ва ҷавононро ба гузаштаи наздик ва рӯйдодҳои фоҷиабори таърихи кишвар, ки даҳҳо ҳазор нафар одамонро куштааст, менигаронанд.

         Ҷаҳони муосир дар баробари таҳдидҳо ва даъватҳое, ки табиати глобалӣ, вале хусусиятҳои минтақавӣ доранд, хеле осебпазир шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла дар солҳои истиқлолият борҳо мавриди таҳдиду хатарҳо қарор гирифт, вале ҳар дафъа барои муқобилат нишон додан бо ин таҳдидҳо заҳматҳои зиёд кашид ва аксар вақт ба қурбониҳои инсонӣ низ зарурият пайдо шуд.

         Ба шарофати сиёсати дурусту мақсадноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият кишвари мо дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

         Дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ аз ҷониби мақомоти ҳукуматӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаҷми зиёди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда гузаронида шуд. Мутаассифона, то ҳол бархе аз ҳамватанони моро намояндагони созмонҳои террористӣ ташвиқ ва таблиғ мекунанд ва ҳатто бархе аз онҳо дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия ва кишварҳои дигар ширкат варзиданд.

Аксаран ташкилотҳои экстремистӣ барои ба ҳадафҳои  ғаразноки худ расидан ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, ҷамъиятро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ нодуруст ба роҳ монда шуда, бар хилофи ақидаи динии онҳо мебошад. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Асосан ҷавонон қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа мегарданд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу оқибатҳои амалҳои терроризмро биёмўзанд ва барои аз байн бурдани он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. 

         Барои пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмонҳои террористӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ин падида тадбирҳои гуногун меандешад. Дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ ва тамоми муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла мактабҳо, донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Боиси хушнудист, ки чорабиниҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳамватанони мо оид ба паҳлӯҳои манфии терроризму ифротгароӣ мусоидат мекунанд.

Қосимова М, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд