Мо хуб медонем, ки рисолати Созмони Милали Муттаҳид ҳимояи таъмини сулҳу амният, нест кардани терроризму экстремизм ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст.  Баромади Президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар  Иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид иддаои дурӯғину туҳматомез аст. Боварӣ дорем, ки ин созмон хулосаи дақиқу аниқ бароварда, даъвоҳои Садир Жапаровро месанҷад ва таҳқиқ менамояд. Агар худи миллати қирғизро гӯш кунед, мардум андешаи дигар доранд, онҳо аз хусумати дохилии сиёсатмадорон ба дод омадаанд. Ин сиёсатбозони қирғиз барои ҷангу ҷидоли худро пинҳон намудану халқашонро гумроҳ кардан  баҳонаи дигар ёфтанду  ду миллатро  ба иғвову ҷанг андохтанд. Сараввал саволе ба миён меояд, ки оё халқи қирғиз президенти худро эътироф ва дастгирӣ менамояд?! Не, албатта, норозигии халқ зиёд асту манфиати халқ камтар ба эътибор гирифта мешавад. Бинобар ин, сабаби асосӣ ин аст ва имрӯз ба ин ҷангу куштор худашон гунаҳкору сабабгоранд. Миллати тоҷик фақат истодагарӣ намуд ва марзу буми хешро ҳимоят намуд. Аламовараш он аст, ки бе ягон огоҳӣ ба маҳалли аҳолинишин, ба хонаҳои мардум ҳуҷум оварда, то ҳатто ба кӯдакон низомиёни қирғиз тир холӣ намуданд. Мо медонем, ки миллати қирғиз низ мусулмонанд, аммо ҳамлаи баъзе амалдорони онҳо ба масҷиди мавзеи Исфара касро ба ҳайрат мегузорад ва ба эшон нафрину лаънат мехонем.

Мо муваззафем, ки дӯстии ду миллатро нигоҳ дорем, барои ба мусолаҳа анҷом ёфтани ин вазъият чораву тадбирҳо андешем. Аммо дар ин кор сарони қирғиз шояд дигар баҳонае оранд ва боз далели дурӯғини худро пеш оранд. Ба ҳар бобат, мо, тоҷикон миллати соҳибтамаддуну бофарҳанг ҳастем ва дари ҷангро намекӯбем, бо миллати қирғиз дӯсту бародар будем, ҳастем ва мемонем. Бо иддаои ду-се амалдорони қирғиз мардум фирефтаву ром намегардад. Аминем, ки миллати қирғиз худ қазоват мекунад ва сарнавишти миллаташро хуб тақдир менамояд. Чунон ки Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт,

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Шафоат Файзиева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд