Аз баргузории Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати онро дар соли 2021 бар дӯш дошт фосилаи зиёд нагузашта бошад ҳам, ҳанӯз сокинони кишвар таҳти таассуроти он қарор доранд. Бояд гуфт, ки ҳамоиши имсола ҷашнӣ буда, аз таъсиси Шӯро расо 20 сол пур шуд ва ҳамаи иштирокдорони ҳамоиш руҳияи идона доштанд.   Бояд гуфт, ки ҷуғрофиёи СҲШ васеъ гардид, ба раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз бахшида шуд. Давлатҳои Қатар, Миср, Арабистони Саудӣ ба сифати шарикони муколама ба СҲШ қабул гардиданд. Шумораи давлатҳои узви СҲШ ба 21 адад расид. Ба ҳам рост омадани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай дар таърихи навини давлатдории мо бо счаҳифаҳои заррин                 сабт хоҳанд шуд. Бори нахуст дар таърихи Созмони Ҳамкории Шанхай аз натиҷаи Саммити Шӯрои сарони давлатҳо 30 қарору санадҳо қабул гардиданд. Иҷлосияи СҲШ дар шаҳри Душанбе аз ин ҷиҳат сермаҳсултарин ҳамоиш ба шумор меравад.

Як бахши аъзами мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат пурра ба муҳокимаи қазияи Афғонистон ва тасмимгириҳои давлатҳои узви ҳарду Созмон нисбат ба таҳдиду хатарҳои он бахшида шуд. Махсусан суҳбати самимӣ бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имронхон атрофи Толибон басо муфид буд. Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои ҳалли қазияи ин минтақа бо фароҳам овардани мулоқот бо Толибон ва Ҷунбиши озодихоҳони Афғонистон эълон дошт.

 Дар мулоқотҳои Сарвари давлат бо роҳбарони давлатҳои аъзо таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои узви СҲШ, рушди минбаъдаи «рӯҳияи Шанхай», нигаҳдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҷойгоҳи хоссаро дошт.

Бояд гуфт, ки дар гузашта ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар доираи созмонҳои мухталиф ва ҳамзамон дар доираи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии кишвар, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат намудааст. Солҳои охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Тавре қаблан таъкид намудем, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари мо- ин раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Бо ҳидояти Роҳбарияти олии кишвар ва табдирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мо шоҳид ҳастем, ки лоиҳаҳои мухталиф дар кишварамон амалӣ шуда истодаанд. Роҳҳои нави мошингард, роҳҳои оҳан, нақбҳо, пулҳо ва инфрасохтори коммуникатсионӣ, ки ба шарофати ҳамкории судманду муносибати шарикона миёни ду кишвар ва дастгирии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба истифода дода шудаанд, қадаме баҳри расидан ба ҳадафи стратегии болозикри кишварамон маҳсуб мешавад.

Чунин лоиҳаҳои муҳим дар ҳамкорӣ бо дигар институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ва кишварҳои шарикони рушд амалӣ карда мешаванд.Масирҳои асосии иқтисодӣ ва коммуникатсионии камарбанди Роҳи абрешим аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Осиёи Марказӣ, Россия то Аврупо ва баҳри Балтика, инчунин тавассути Осиёи Марказӣ ба Халиҷи Форсу Ховари Миёна пешбинӣ шудаанд. Бо инобати мавқеи ҷуғрофии худ Тоҷикистон имконияти хешро дар ин самт фаъолона пайгирӣ менамояд.

Амалисозии ин ташаббус дар умум ба рушди иқтисодиёт таваҷҷуҳ менамояд, ҳамзамон он ба ҳамкорӣ, шаффофият ва манфиатҳои мутақобилан судманду эҳтироми ҳуқуқҳои байналмилалӣ такя мекунад.

То моҳи октябри соли 2019 137 кишвар ва 30 ташкилоти байналмилалӣ 197 ҳуҷҷати ҳамкорӣ дар доираи ин ташаббус ба имзо расонидаанд. Амалисозии лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аллакай ҳаҷми тиҷорати ҶМЧ-ро бо кишварҳои алоқаманди ин ташаббус ба 6 триллион доллари америкоӣ расонидааст.

Сармоягузории ширкатҳои чинӣ дар атрофи ин ташаббус аллакай бештар аз 100 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармоягузории кишварҳои дар ин масир қарордошта ба 48 миллиард доллар расидааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст.

Ҳамин тавр, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои кишвар дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ самаранок амалӣ карда шаванд ва рушди иқтисодӣ ва ояндаи дурахшон барои мардуми ватанамон таъмин гардад.

 

        Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд