Дар мусоҳибаи онлайнии Муҳидин Кабирӣ, ки чанде пеш дар шабакаи Ютуб пахш шуд, нуктае садо дод, ки гӯиё дар ояндаи наздик созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” ба сари қудрат хоҳад омад. Ин суханон ростӣ маъталеро ба ёд меорад, ки кӯдаке дар орзуи қанди ширин аст, аммо ӯ товони роҳ гаштан ва дарки маззаи қандро надорад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки Муҳиддин Кабирӣ бо хушгӯӣ ном бароварда,  аз  асолати сухану сухангустарӣ огоҳии коми дорад. Вале ин маънои онро надорад, ки ӯ ҳама чизро медонаду набзи сиёсии кишвари моро танзим карда метавонад.

Дар суҳбати онлайни як тан аз дар тамосгирифтагон дуруст таъкид намуд, ки яке аз омилҳои зуд маҳбубият пайдо кардани ҲНИ дар ҷомеаи навини соҳибистиқлолии мо маҳз мақсаднок истифода бурдани вожаи ислом дар ин ҳизби сиёсӣ маҳсуб мешавад. Ва буданд ҳолатҳое, ки “муҳибони ҲНИ” бо истифода аз эҳсоси динии мардум онҳоро ба хотири шомил шудан ба ҲНИ чӣ корҳоеро ба сомон мерасониданд. Борҳо дар ин маврид ишора намуда, гуфта будем, ки агарчанде нуфузи ҲНИ – ро дар ҷомеа ба 25 ҳазор аъзо медонистанд, ин комилан хато аст. Зеро ин ҳизб ба ҷузъ аз чанде аз воизон дигар аъзои самимӣ надошт. Чунки ҳизб дар пояи вазифагузхориҳои хоҷагони хориҷӣ бунёд шудаву ҳадафашон пиёда кардани ормонҳои фундаметалистон буд. Аз ин хотир пояи ҳизб дар як муддати кӯтоҳ заиф шуд.

Хуб суоле ин ҷо пайдо мешавад, ки имрӯз созмони “Паймони миллӣ” имрӯз бо кадомин маблағ дар хориҷи кишвар истода чанд сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро маблағгузорӣ менамояд. Сарчашмаи молия кист ва чаро рӯз аз рӯз воизони ин гурӯҳ зиёд шуда истодаанд. Сониян кӣ онҳоро бо технологияи рақамӣ, утоқ бари сабти овоз ва видео муҳайё кардааст.  Ҳамааш маълум. Хоҷагони хориҷие, ки мехоҳанд як гӯшаи ободи минтақа, ки ҳаммарз бо Ҷумҳурии Афғонистон аст, бояд ба гирдоби ҷанг ғӯтавар шавад. То онҳо тавонанд хостаҳои худро бароварда бошанд.

Аммо яқин, ки ин нафарон тушбераро хом шуморидаанд. Мо миллати босаодатем, тамоми мушкилиҳоро паси сар карда истодаем. Дар ҳошияи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат кору зиндагии оромона дорем ва намегузорем, ки хоре андар пойи миллат халад.

 Абдусабури АБДУВАҲҲОБ,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд.