Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Садир Жапаров дар иҷлосияи 77- уми Маҷмаи умумии СММ беандеша матнҳои бесанад оварда ҳалқи тоҷикро гунаҳкор менамояд. Гӯё, ки ягон мушкилот байни марз бо Тоҷикистон набошад, охир дар як сол чанд маротиба халқи бегуноҳи тоҷикро гунаҳкор хонавайрон кард Садир Жапаров.

  Биеёд як назар кунем ба худи ин давлат- қатлҳои сиёсӣ, гурӯҳбозӣ, беқонунӣ, роҳбарони ҷиноятпешаву ҷангҷӯе, ки солҳо дар зиндон буданд ва ғайраҳо дида мешавад.

  Дар куҷо дида мешавад, ки ба меъёрҳои байналмилалии дипломатӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ риоя накарда туҳмат, суханронии бемантиқ, бардурӯғ, фикрҳои беасноду душманона дар равобити байналмилалӣ  суханронӣ мекунад.

Дар урфият мегуяд, ки агар сиру асрори оилаатро рӯйпуш накунӣ, келинатро бад кунӣ оилаи туро ҳеҷ кас дуруст карда намедиҳад, он президенте, ки давлати худро нигоҳ дошат наметавонад, ахлоқи хамида худ надорад ва байни худ мерос тақсим кунад аз куҷо ин давлат пеш равад.

  Ҳоло давлати пурқудрати тоҷикон дар давоми 30- соли Истиқлолияти худ бо ягон ҳамсоя ҷанг накардааст ва ин қадар обрую эътибори баланде дорад дар сатҳи байналмилалӣ, он барномаҳои давалтӣ, конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар сатҳи баланд мегузарад худ шоҳиди гуфтаҳои болост.

  Аз давари пеш дар китоби бузургӣ зардуштиён  Авасто омадааст: ”Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” ва ин амалро то ҳоло халқи тоҷик нигаҳ медорад.

  Мо тоҷикон аз насли ориёием ва аз нажоди поку, асил ва наҷибзода мебошад- ин худ халқи моро  бо номи баланд дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ  менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давлати худро бо номи Тоҷикистон шуҳратёб кард ва мо бо Президенти худ фахр мекунем! Нест бод ҷанг! Зинда бод сулҳ!

Муаттар Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд