Мо дар остонаи таҷлили 26 – умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорем. Мусаллам аст, ки дар ин рӯзҳо ҷониби мухолифин, ки аҳду паймон шикаста, берун аз кишвар чун ҳомии “сулҳ” садо баланд мекунанд,  боз ҳам фаъолтар мешаванд.  Аммо яқин, ки вақте аҳд бастанд, ноҷавонмардона, нохалафона барои боз ҳам ноором кардани мамлакат кӯшиш ба харҷ доданд. Махсусан вақтҳои охир онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо барномаҳои дилхароши худ аз таги нохун чирк мекобанд.

Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоки ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштаанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромўш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ, хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои мушаххасро талаб менамояд.

Мо мардуми тоҷик ҳеҷгоҳ бояд фаромӯш насозем, ки яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шудани мардуми бетаҷриба, аз ҷумла ҷавонон маҳз ҳамин тарғиботи тундгароён, ташвиқотӣ яктарафа ва сиёсати бегонапарастии онҳо буд, ки Ватани моро ба вартаи шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор намуд. Аз ин рӯ  ҳар як фарди солимфикр, ба хусус ҷавононро лозим аст, ки дар асоси дастуру тавсияҳои ҳамешагии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, худогоҳӣ, инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва  доштани ҳисси баланди миллиро пуштибонӣ намуда, фирефтаи сиёсати  ғаразноки бегонагон, бахусус роҳбарону аъзои Ташкилоти экстремистию  террористии собиқ «ҲНИ» ва дигар созмонҳои ба ин ташкилоти террористӣ монанд нашаванд.

Мо, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон бо шукрона аз тинҷиву амонии кишвар барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, эҳсоси худшиносии ҷавонон аз ҳар вақта дида саъй меварзад. Махсусан донишҷӯён дарк карда истодаанд, ки неъмате беҳтар аз сулҳу оромӣ нест. Ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам хубтару беҳтар шудани шароити иҷтимоиву моддии ҷавонон равона гардидааст. Пас ҷавонро мебояд то шоиста таҳсил кунанду ба миллати хеш хизмат намоянд.

Наргис Ҳомидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд