Мардуми тоҷик аз азал сулҳдӯсту сулҳофар буд. Бо эътимоду боварӣ гуфта метавонам, ки мо ҳеҷ, гоҳ ба дурӯғу бофтаҳои фитнаангезии хоинони давлату миллат дода намешавем. Боиси таассуф аст, ки хоинони Тоҷикистон ҳама дастоварду муваффақиятҳо, сулҳу оромӣ, хизматҳои шоёни Сарвари давлатро дида наметавонанд ва аз ғаразу кинаҳои хеш достонҳои дурӯғ эҷод намуда, мардумро ба худ ҷалб мекунанд.

Таърих гувоҳ аст, ки як маротиба аъзои ТЭТ ҲНИ ба мардуми тоҷик хисороти бузурге расониданд, ки он аз ёдҳо нарафтааст. Маҳз фитнаи ТЭТ ҲНИ ҷавонони тануманд, донишманду ҳунарманд ва ҳазорон фарзандони номбардори моро аз байн бурданд, ки он ба рушди пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон даҳсолаҳо таъсиргузор хоҳад монд. Нафаре, ки аз сиёсат бохабаранд, ба гуфтаҳои ин ифротгароён бовар намекунад саҳму талоши ҳар сокини кишварамонро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи он мушоҳида мекунем. Итминон дорам,ки мардуми Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи он ҷанги шаҳрвандиро,ки аз кӯтоҳандешӣ ва хиёнату иғвоангезии чунин ашхос сар зада буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дигар он шаҳрвандони солҳои 90-ум нестанд, ки зери таъсири ғояҳои дурӯғин қарор гирифта, қурбонии ҷангҷӯёну фурсатталабони ватанфурӯш гарданд.

Ашӯрова Шабнам, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд