Аз мушоҳидаҳои чанд даҳсолаи охир ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ифротгароӣ  ва терроризм ба суръати умум дар ҷаҳони муосир рушд карда истодааст. Чанд омилҳое, ҳастанд, ки ин навъи мубориза дар шеваи ҷудоиталабон, динситезон ҷойгоҳи хосса пайдо кардаааст. Бадбахтӣ он аст, ки фарҷоми амалҳои ноҷавонмардона боиси сар задани низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.

Мавзӯи муқовимат бо экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ дар ҷомеа аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ талошҳои чиддие анҷом дода шуданд, ки ҳар яке ба паҳлуҳои гуногуни ин масъала рушанӣ андохта, роҳу василаҳои баромадан аз ин мушкилоти воқеан глобалиро пешниҳод намуданд. Яъне, барои ҳалли мушкилоти худ «инсонҳо» ҳатто ба даҳшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани ҳарифон қаноатманд нашуда, дар дили инсонҳо тарсу ҳарос ва ноумедиро ҷо намуда, ҳадафҳои худро бо ҳар роҳу васила роҳандозӣ менамуданд.

Рӯйдодҳои чанд моҳи охири ҷаҳон, тезу тунд гардидани вазъ дар кишварҳои ҳамсояамон Афғонистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои дунё  терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари аввалияи умумибашарӣ эътироф шудааст. Кишварҳои дунёро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шуда, бо фароҳам овардани фазои солим боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои умумибашарӣ дар пешорӯи хатари даҳшатбор чун кӯҳ пой бар ҷо истодагарӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот фаъолият намоянд.

Азамҷон Усмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд