Дар пойдории сулҳ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муттаҳидсози миллат, саҳми   Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Зеро Сарвари муаззами миллат дар шароите ба арсаи сиёсат баромаданд, ки Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат қарор дошт дар васоити ахбори ҳамон давра сухан дар бораи будан ё набудани Тоҷикистон дар руӯи харитаи Тоҷикистон мерафт. Дар вазъияти бе ниҳоят ноороми Тоҷикистон абармарди ватан фарзанди фарзонаи миллат, далеру шуҷоъ барои муттаҳид намудани ватан Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии Тоҷикистонро ба зиммаи худ гирифтанд. Аз рӯзҳои аввал Сарварии давлат даст ба корнамоиҳои бузург ниҳода,   бо ҳамин шуҳрати халқи Тоҷикистонро дар минтақа  ва ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардид.

Бар арсаи сиёсӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон тасодуфӣ набуд, зеро қабл аз ин  Пешвои миллат фаъолияти хуби  суханварӣ ва ташкилотчигии худро зимни вакили парлумон буданашон исбот намуда буданд. Аз лаҳзаи аввалини Сарвари давлат интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон барои муттаҳид намудани Тоҷикистон ва хотима додани ҷанги бародаркуш кӯшиш намуданд ва аввалин сухане, ки гуфтан “Ман ба Шумҳо сулҳ меоварам” буд, ки инро мардум бо як шодбошӣ қабул намуданд. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Тоҷикистон имрӯз сулҳ, ороми ваҳдат то имрӯз побарҷост ва аминем, ки минбаъд низ он чунин хоҳад монд.    

Барои расидан ба ваҳдати миллӣ Сарвари давлат бисёр қаҳрамониҳо ва ҷоннисориҳо кардаанд, зеро сулҳе, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳукмфармо мебошад, бо осонӣ ба даст наомадааст. Зеро  дар аввали солҳои 90-ум дар натиҷаи равандҳои ба ном демократӣ  обрӯ ва эътибори органҳои давлатӣ паст гардид ва  мамлактро бетартибиҳои оммавӣ фаро гирифт. Халки тоҷик марҳалаи душвории давраи соли 1992-ро хуб дар ёд дорад. Мардум ҳама рӯ ба тарафи Эмомалӣ Раҳмон нигорон буданд, ки чи  тавр Президенти ҷавон метавонад вазъияти ҷанги шаҳрвандиро ба эътидол биёрад ва рушди иқтисодии давлати харобшударо таъмин намояд. 

Дар чунин шароити душвор  муҳимтарин иқдоми  сарвари тоҷикон овардани сулҳ барои мардуми азияткашида буд.  Музокироти сулҳи тоҷикон бо сарварии Пешвои миллат аз 5 апрели соли 1994  оғоз гардида, 27 июни соли 1997 бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ анҷом гардид. Ҳар ду тараф ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи аз вазъияти ба амал омада  баромадан ва нигоҳ доштани мустақилияти Тоҷикистон имзои сулҳ ва  ваҳдати миллӣ аст. Дар ин давра, роҳбари давлат борҳо қайд карданд, ки «муноқишоти миёни тоҷиконро бояд худи тоҷикон, намояндагони босалоҳияти ҳамин мардум, ки дилашон ба халқу кишварашон месӯзад, ҳал кунанд».

Дар давоми роҳбарии давлати тоҷикон, Пешвои миллат  тамоми кушишҳои худро баҳри муттаҳид кардани миллат дар роҳи сохтмони  ҷомеаи пешрафта  равона карданд. Рафти дигаргуниҳои кишвар собит мекунад, ки  ки Тоҷикистон дар давраи гузариш  ва сохтмони давлатдорӣ карор дорад ва яке аз омилҳои муҳимтарини ин давра таъмини ҳаёти осоишта ва сулҳу субот дар мамлакат мебошад. Дар замони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо роҳбарии Пешвои миллат дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ сохти давлатии худро муайян созад.   Дар тулии 30  соли сарварии худ, Президенти Тоҷикистон исбот карданд,  ки сазовори унвони олии Пешвои миллат ҳастанд, зеро бо халқи худ  дар таърихи кутоҳ  тавонистанд  Тоҷикистонро ба як давлати  иқтисодаш пешрафта ва тамаддуни фарҳангӣ  ва маънавиаш бой  табдил диҳанд. 

Аммо кӯрдилон ва носипосон амсоли Муҳиддин Кабирӣ ва думравони ӯ ин воқеаи таърихиро хатти батлон мезананд ва гӯиё қаҳрамониҳои Роҳбари давлатро нодида мегиранд. Онҳо ҳар сол дар остонаи ҷашни Ваҳдати  миллӣ садо баланд мекунанд, аммо агар дасти сулҳхоҳи ҳукумат бо Сарварии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, кай расад, ки сулҳи деринтизор ба даст меомад. Як чизро бояд нерӯҳои бадхоҳ донанд, ки арзиши ваҳдат сол то сол зиёд мегардад.

Мо шукрона мекунем, ки имрӯз дар Тоҷикистон фазои орому осуда,  ваҳдат ва ягонагӣ ҳакмфармо мебошад. Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳо расем ва шукрона намоем, ки дар чунин ватан зиндагӣ мекунем. Баро ободони  ватани азизамон кӯшишг намоем. Мо бо Пешвои худ мефахрем ва ҳамеша бо ҳамроҳи Пешвои-миллат мебошем.

Турсунов Х.Н., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд