Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати  соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ , ягона ва иҷтимоӣ мебошад, ки барои ҳар як шаҳрванди худ шароити зиндагии мусоиду арзандаро фароҳам овардааст.  Вале имрӯз сад афсӯс дар ҷомеаи мо ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳҳо ва равияҳое мавҷуданд, ки мехоҳанд ба осонӣ бо зикри камбудию мушкилоти хаётӣ аҳли ҷомеаро гумроҳ месозанд.

Мақсади асосии ин намуди табақаи  ифротгарӣ ин дигаргун сохтани сохтори конституссионӣ, кушторҳо, ғоратгарӣ, тачовуз кардан ба номус ва ғайраҳо ба шумор меравад. 

Бояд аз хотир набуровард, ки дар солҳои  90-ум давлати милии тоҷикон  хавфи пош хӯрданро дошт. Дар ин давра гурӯҳҳони назҳатӣ  ба мардумфиребӣ,  иғвогарӣ  ва қатлу ғорати аҳолии осоишта даст заданд.  Бо мақсади гумроҳ ва ҷалб намудани аҳолии кишвар онҳо аввалин суханҳои ифротии худро оид ба арзишҳои диннӣ мегуфтанд, аммо баъди нуфуз пайдо кардан байни мардум, саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ мавқеашонро куллан дигаргун карда, ба сиёсат дахлпазирӣ намуданд ва симои ифротии худро назди ҷомеаи шаҳрвандӣ пурра ошкор намуданд.  Баҳри  расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ҳамарӯза дар масчидҳо ба ҷойи намозхонӣ аз сиёсат, ғасби хокимият ҳарф зада, мардумро ба муқобили Ҳукумат даъват мекарданд, ки натиҷа дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки дар он садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расиданд, миллионҳо нафар сокинон ба дигар давлат ҳамчун гуреза бирафтанд, бисёре аз одамон бе хонаю манзили бимонданд, ки ҳамаи ин сахтиҳо аз ин суханҳои фирефта мебошанд.

Дар натиҷа сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат заиф гардид. Бисёр одамони донишманду хирадманд ва бегуноҳ ҳалок гардиданд. Ҷойҳои таърихию бостонӣ ва манзилхои сокинон ба харобизораҳо табдил ёфт, ки он бевосита ба ҷомеъа таъсири манфии худро расонд.  Саркардагон  ва аъзои ташкилоти  террористии наҳзати исломӣ, ки солҳои зиёд дар қалби нопокашон орзуи ғасби давлат ва қудрати сиёсии кишварро мепарвариданд, акнун гӯё ба мақсадашон расиданд ва нияти барпо кардани “ Давлати исломӣ” –ро дар Тоҷикистон доштанд. Хушбахтона  ин ҳокимиятдории ин мансабпарастони наҳзатӣ дер давом накард. Ва аз ҷониби фарзандони бо нангу номуси тоҷик сари вақт сарукӯб гардиданд.

  Ах ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди мамлакти мо бояд ба чунин сухан ва ваъдаҳои фирефтаи ин гуна ҷомеаи ифротӣ аҳамият надиҳанд. Зеро мақсад ва мароми ин суханҳои ифротӣ маънии дунявӣ надорад. То ки  барои ободӣ , сулу субот ва пешрафти мамлакати худ сахми худро равона  намоем.

  Инчунин мо бояд аз қаҳрамонии фидоии халқамон, ба монанди Спитамен, Темурмалик ва Восеъ дарси ибрат гирем, ки ҳеҷ гоҳ сари худро пеши аҷнабиён хам нанамуда, то охирин нафас баҳри ҳимояи зодгоҳи хеш талош намуданд.  Бинобар ин таъмини фазои орому осуди Ватан ва амнияти ҷомеа ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои шаҳрванд ва сокинони ӯ маҳсуб мебошад.

Акбарова Н. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд