Дар яке аз шабакаҳои телевизиони Русия гуфтугӯи мустақими  руҳониеро тамошо мекардам. Яке аз бинандагони телевизион нуктаи назари олими диншиносро вобаста ба муҳоҷирони меҳнатии аз Осиёи миёна омадаро пурсида, ҳатто таҳқир ҳам кард, ки онҳо ба талаботи санитариву гигиенӣ риоя намекунанд, рафторашон қобили қабул нест. Он рӯҳонӣ дар ҷавоб гуфт, ки ин муҳоҷирон аз мардуми таҳҷоӣ, хосса русзабонҳое, ки дигар қавму миллатҳоро дида наметавонанд, даҳҳо маротиба беҳтаранд, зеро онҳо дил доранд, имон доранд, аз фардои падару модар, ватанашон андеша мекунанд. Агар онҳо дил намедоштанд, имон намедоштанд, ба хотири волидон, фарзандон ҳазорҳо фарсахҳоро тай карда, дар шароити тангно кор намекарданд. Шумо ягон мусулмонро дидаед, ки падару модарашро дар дами пирӣ танҳо гузоштааст? Дар хонаам чанде аз ҷавонони тоҷик кор карданд. Мани олими диншинос чӣ будани одамият, қадру манзалатро аз ин ҷавонон омӯхтам. Он касе, ки тоҷикро гумроҳ мегӯяд, худаш нодон аст. Агар ҷавонони одии тоҷик чунин донишу андешаронӣ дошта бошад, пас ин миллат бузург аст ва роҳнамои он низ шахси босавод аст. Ин суханони як падари руҳонии яке аз минтақаҳои Русияро шунида, ростӣ хеле мамнун шудаам, ки дар хориҷ низ миллати моро дар аслаш мешиносанд. Ва пас аз ин гуфтаҳо мусоҳибаҳои Муҳиддин Кабирӣ ба хотирам омад, ки зимни ин мулоқот ин “олими нуктадон” аз камбудии ҷомеаи Тоҷикистон ҳарф зада, қайд мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти зиндагии мардум коре намекунад.  

Бармегардем ба масъалаи инсонгароӣ. Магар пушти боимон будани ҷавонони мо ҲНИ меистад? Ё дар мавриди эҳтироми волидон дастандаркорони ин ҳизб саҳм гузоштаанд?  Не, ба хотири он ки тоҷикон аз азал расму русуми худро нигаҳ дошта меоянд. Он насл ба насл омада расида истодааст. Кадоме аз намояндагони ҳизби наҳзати ислом амалан дар шабакаҳои байналмилалии интернет ё васоити ахбори оммаи Русия далерона суханони ин руҳонии Русия, ки дину оинаш дигар аст, гуфтааст: «Ягон нафар». Баръакс, то ҷое иттилоъ дорам, намояндагони ҲХДТ бевосита дар мулоқот бо муҳоҷирин аз кордиҳандаҳо даъват ба амал оварданд, ки нисбати шаҳрвандони мо эҳтиёткор бошанд, ҳуқуқу манофеашонро ҳимоя намоянд.

Дар мавриди будани ҲНИ ё набуданаш ҳаминро гуфтаниам. Вақте қонунгузории кишвар кафолати озодии ибодати шаҳрвандонро додааст, чӣ ҳоҷат аст ба ташкили ҳизб, ки рисолаташ аз ин зиёд буда наметавонад. Оё боре ба худ савол додаед, ки дар мамлакате, ки масҷид аз мактаб зиёд аст, чӣ ҳоҷат ба таблищу ташвиқи намозгузорӣ. Оё он нафароне, ки аз «таги нохун чирк» мекобанд, боре андеша кардаанд, ки бо супориши ҳомии миллат барои маънавиёти ҷомеаро боло бардоштан «Қуръон»-ро бо ҳуруфоти кириллӣ баргардондаанд ва пешкаши мардуми шарифи Тоҷикистон намуданд. Дар рафҳои китобхонаҳо, бозору хиёбонҳои кишвар даҳҳо асарҳои динӣ фурӯхта мешаванд, касе кордор нест. Магар ин нест щамхориву меҳрубонӣ?

Дини мубини Ислом ҷузъи маънавиёт, фарҳанг ва рӯзгори мо маҳсуб мешавад. Ҳамзамон ҳамроҳи мо намояндагони бисёр дину мазҳаби дигар дӯстона зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи Конститутсия тамоми мардум, новобаста аз мансубияти наҷодӣ ва диниашон, шаҳрвандони баробархуқуқи ҷомеаи дунявии мо мебошанд ва созмонҳои динӣ бояд қонунҳои амалкунандаро риоя карда, ба сиёсат дахолат накунанд. Бояд гуфт, ки дар бисёр мамлакатҳои исломӣ фаъолияти ҳизбҳои динӣ манъ кар­да шудааст.

Ҳоло дар ҷаҳон бисёр роҳбарони шӯҳратталаб пайдо шудаанд, ки минбарҳои гуногунро барои ба истилоҳ, "ҳимояи ислом" истифода мебаранд. Дар робита ёдовар карданӣ ҳастам, ки Президенти мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 дар баромадаш аз минбари СММ гуфта буд: "Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон кӯшиши баъзе доираҳо гузоштани аломати баробар миёни чунин таҳдидҳои ҳалокатбор, мисли тер­роризм ва ифротгароӣ ва дини мубини ислом ба мушоҳида мерасад. Чунин тафсир моҳияти сулҳдӯстонаи исломро таҳриф мекунад ва дар назари ҷомеаи ҷаҳон ин дин ҳамчун манбаи бадию зӯроварӣ менамояд, ки бо ҳамин нисбати тамоми ҷаҳони ислом ҳисси танафурро бедор карда, беихтиёр равияҳои фашистии навбаромад ва шовинистиро дастгирӣ ме­намояд. Ман бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки амалиётҳои террористӣ дар мамлакатҳои гуногун кори одамони сангдил ва бераҳме мебошанд, ки ташнаи қудрати сиёсӣ ё ба даст овардани сарват буда, моҳиятан бо дини мубини ислом ягон умумияте надоранд". Президент ин суханонро аз минбари баланд вақте иброз дошт, ки дигар роҳбарони сиёсӣ ҷуръат накарданд, то барои ҳимояи ислом сухане бигӯянд.

Ба фикри коршиносон пешравони динӣ бояд ба ҷомеа дар мустаҳкам кардани пояҳои маънавию ахлоқӣ кӯмак расонанд. Динро аз таассуб бояд фарқ кард. Вақте дини мубини исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, мафкураи шаҳрвандон низ нисбати дини мубини ислом дигар мешавад. Он ҷавононе, ки риш мондаву пайрави ин ё он равияву мазҳабҳо мешаванд, бояд донанд, ки асли ин ҳама тоату ибодатҳо шинохти Худованд аст. Худовандро бояд бо дил шинохт на бо симову рафтор. Имрӯз ҷавононе, ки дар пояи дур аз ҳақиқат ҳизби Исломро ягона сипари боадолат ва ҳифзкунандаи ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии мардум медонанд, сахт хато мекунанд. Чунки Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва тӯли садҳо сол худи шаҳрвандон асолати Исломро кайҳо дарк кардаанд.

Чун дар меҳвари дини мубини Ислом инсон меистад, ҳамаи таълимот ва нишондодҳои он ба инсоният ва зиндагии шоистаи фарзандони одам равона карда шудааст. Дар ин замина нақши масъулият ва ӯҳдадориҳои падару модар нисбати ояндаи фарзандон, таълиму тарбияи онҳо дар оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ ба хубӣ инъикоси худро ёфтаанд.

Дар сураи «Луқмон» омадааст:

«Вақте ки гуфт Луқмон ба писараш ва ӯ панд медод фарзандашро: гуфт: Эй писаракам, ба Худо ширк маёр. Чунки ширк гуноҳест бузург.

Эй писаракам, агар гуноҳи ту баробари донаи қаланфур бошад, дар осмонҳо карда бошӣ, ё ки дар замин Худо пешат меорад (дар охират). Чунки Худо  нозукбину бохабар аст.

Эй писаракам, сабр кун ба сахтиҳое, ки ба ту мерасад. Чунки инҳо аз корҳои муҳиманд. Ва турш макун рўятро ба мардум ва дар рӯйи замин мутакаббирона роҳ нагард. Чунки Худо дӯст намедорад ҳар мутакаббири фохирро. Мутавозиона (хоксорона) роҳ рав ва овозатро нарм кун. Албатта, бадтарини овозҳо овози харон аст.

Ҳадисҳои  Пайщамбар (с) бошад, дар масъалаи таълиму тарбия  мефармоянд:

 

«Арзишмандтарин чизе, ки падар ба фарзанд медиҳад, тарбияи хуб аст, фарзандони худро эътироф кунед ва онҳоро тарбияи хуб диҳед,  фарзандон ва аҳли хонаводаи худро дар аз нигоҳи маънавӣ омӯзонед ва тарбияи некӯ диҳед.

Умедворем, ки ҳар нафари ҳушёр, огоҳ ва дилсӯзи миллат роҳи ростинро худ интихоб мекунад. Роҳи рост ин ҳамон роҳест, ки пешвои миллат моро ба фардои дурахшон мебарад

Гулнора Юсупова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд