Шукри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро бояд намоем, ки аз замони ба имзо расидани санади такдирсози Оштии миллӣ то ба имрӯз ба василаи ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандона ва иқдомҳои ваҳдатсолоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осоиштагиву амният ва суботи комили кишвар таъмин гашта, мамлактамон хамвора қадами устувор рў ба рушд ниҳода истодааст.

Вале назар ба иттилои расонаҳои хабарӣ то ҳануз нафаронеро  дучор омаданд, мумкин, ки банди таассубу нодонӣ гашта, ба файзу нусрат ва ҳаёти гулафшони Ватани маҳбубамон назари бад зоҳир менамоянд. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои доғи рӯз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ буда, боиси ташвиш ва таассуфи аҳли ҷомеа гардидааст.

Таассуб ва ифротгароӣ аз падидаҳои номатлуби чаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки аҳдофи хар гуна гурўҳ ё ташкилоти ифротгаро дар мисоли ТЭТ ҲНИ бо роҳи зўриву истибдод ва ғайриқонунӣ бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки заминаҳои зуҳури таассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳолату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузорщои ғайриқонунии манфиатчуёни хориҷӣ асос меёбад. Чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди динидошта, ки аксари бошандагон мусалмонон мебошанд, бешгар ба назар расида истодааст. Боиси таассуфу нигаронист, ки тибқи маълумотҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимои дастраси рӯи олам мегардад, тарафҳои мухолифин ором нанишаста ба ташвиқи амалҳои тундгароӣ гашта, кишвари моро бӯҳтон зада истодаанд ва агар мо ҳар чи бештар пеши роҳи ин бадтинату авомфиребонро нагирем. Ба ҳолате оварда мерасонад, ки бархе аз ҷавонону наврасони гумроҳзадаи мо дуруст ба мисли қабл аз тарафи гурўҳҳову шахсони алоҳида ТЭТ ҲНИ ба сафи гурўҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва мисоли инҳо таҳрик гардида, шомил мешаванд ва аз нофаҳмии беш дар бархе аз ин кишварҳо ва дар худи миллати мо бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ меҷанганд.

Модари точик, ки акнун аз фироки фарзандони дар ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ кушта шуда, каме ба зиндагии орому осоишта дилгарм шудаанд, боз бо айби душманони тоҷику Тоҷикистон фарзандони азизи худро дар хоки бегона аз даст медиҳанд, барон марги фоҷиавии онҳо мотам мегиранд. Кӣ бояд пеши роҳи ин тамоюли ташвишоварро бигирад, нагузорад, ки бадбахтиву нооромӣ дубора болои мардуми мо ҷомеа сиёҳи худро партояд? Дар ин раванд бояд тамоми нерӯҳои солими ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони чамъиятӣ, аз ҷумла омўзгорон мавқеи худро муайян намоянд, бетарафӣ нашояд.

Дар замони пешрафту тараққиёти илму техникаи муосир чавонони моро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ набошанд ва кўшиш намоянд, ки ҳамқадами замон бошанду аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии хешро такмил бахшанд.

Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ ба номи академик М.СОсимӣ таҳти роҳбари директори оқилу доно ва дурандеш Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар радифи ҳар шаҳрванди саодатпешаи кишварамон ин падидаҳои номатлубро сахт маҳкум намуда, иллати асосии гароиши чавононро ба ин равияҳои моҷароҷӯву исёнкор дар надоштани донишҳои сиёсиву ҷаҳонбинии илмӣ, ҳамчунин гирифтори таассубу хурофот гардидани онҳо дониста, ҳамаҷиҳата баҳри рафъи ин камбудиҳо бо таблиғи ғояҳои олии сулҳу ваҳдат ва ватандӯстиву инсондустӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок менамоянд. Бо ғамхориву пуштибонии давлату ҳукумат омўзишу парвариши насли наврасу ҷавонро дар мадди аввал гузошта, барои боло бурдани маънавиёту фарҳанги онҳо донишу малакаи хешро ба харҷ медиҳанд.

Нодира Домуллоҷонова,

устоди кафедраи дизайн ва меъморӣ