Имрӯзҳо сар то сари оламро муборизаҳои пасипардагии абарқудратҳо барои дастёфтани доройии давлатҳои камқувваттар ба ҳайрат овардааст. Дар наздикии сарҳади давлатии мо ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 1000 (ҳазор) км дар бар мегирад, аз тамоми давлатҳои олам дар гурӯҳҳои номнависшуда ва номнависнашудаи Афғонистон фиристондагони махсусе ҷойгиранд, ки мақсади онҳо мунтазам вайрон кардани амнияти сарҳадӣ буда, дар лаҳзаҳои қулай ба тарафи давлати мо яъне Тоҷикистон фиристондани ҷосусашон мебошад, ки мақсади асосии онҳо аз вайрон кардани мафкураи ҷавонони мо иборат буда, мехоҳанд, ки фазои орому осоиштаи сиёсии моро бо таффаккурҳои заҳролудшудаашон ки мақсади ниҳоии эшон аз ташкил кардан ва ба амал баровардани кушторҳои ғайричашмдошт бо тариқи терорӣ мебошад, ки мисоли онро мо ба наздики дар ҳудуди ноҳияи Данғара мушоҳида кардем, ки дар натиҷаи он якчанд нафар ба ҳалокат расида чанд каси дигар захм бардоштанд ва мехостанд, ки обрӯй ва шарафи давлати гул-гул шукуфта истодаи моро дар арсаи байналмиллалӣ паст зананд ва хушбахтона ба ҳадафҳои нопокӣ худ нарасиданд, зеро заковати баланди сиёсӣ доштани давлатмардони моро имрӯз дар тамоми ҷаҳон хело хуб мушоҳида кардаанд.

Ҳадафи ман аз навиштани ин гузориш аз он иборат, ки мо омӯзгорон кормандони соҳаи идеологӣ, мақомотҳои дахлдори қудратиро зарураст, ки аз пешатара дида бештар дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ворид гашта ба ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон фаҳмонем, ки ривоҷи тероризм, экстремизм ва шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна азҳобҳои мамнӯъ эълон шуда аввалтар аз ҳама аз бетарафии волидайн ва аҳли ҷомеа иборат буда, сипас хело кам нишонрас будани корҳои тарғиботиву ташфиқоти дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Моро зарур аст, ки бештар дар байни мардум аз зарарҳои ҷонкоҳи шомил шудан ба азҳобҳои гуногуни сиёсӣ ба ҷавонон ҳушдор диҳем ва бо мисолҳои мушаххас исбот намоем, ки чи гуна ин азҳобҳои ба дину ойин ва таффакуру эътиқоди мо душман буда, барои ҷавонону давлати мо метавонанд зарарҳои гарони ҷониву молӣ оранд. Фақат моро лозим аст, ки ба онҳо аз зарари ба сари миллати мо меомадаро ҳам аз лиҳози ҷонӣ ва ҳам аз лиҳозӣ молиявӣ дуруст фаҳмонем. Ман мушоҳида карда истодаам, ки ба ҷавонону ҷомеаи мо боз ҳам зарур ва лозим аст, ки аз дастовардҳои хело назарраси кишварамон дар тули 27 соли Истиқлолият ва ривоҷи хело хуби тақвияти риояи оинҳои милливу маънавии мардумамонро ба тамоми қишрҳои ҷомеа бо мисолҳои равшан аз қабили баромаданамон аз бунбасти комуникатсионӣ, нокифоягии барқ (ҳоло дар  тамоми кишвар тамоми шабу рӯз истифода мешавад), фаровонии мағозаву бозорҳои кишвар аз тамоми маводҳои хӯрока ва пӯшока, ки ба мардум лозим аст, сарозер шудаанд ифтихормандона фаҳмонида, зеҳни худшиноси ва хейштаншиносии онҳоро боз баландтар бардошта, онҳоро дар руҳияи дӯст доштани ин марзу бум Тоҷикистони азиз равона созем.

Ман ҳамчун омӯзгор мутмаин ҳастам, ки агар кулли ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама, дастҷамъона барои аз байн бурдани зуҳуротҳои номатлуб аз қабили тероризм, экстремизм, шомил гаштан ба азҳобҳои гуногунии мазҳабӣ чи хели ки Асогузорӣ Сулҳу Ваҳдати Миллӣ –Пешвои Миллат, Президенти Мӯҳтарами Кишвар Эмомали Раҳмон фармудаанд: “Агар бо дасту дили пок”, ҳадафмандона тарғиботу ташвиқот барем, ҳеч гоҳ дар ҷомеаи мо ин гуна шахсонӣ ба ҷомеаю миллат хатарнок пайдо намешаванд ва аз табори онҳо будагиҳоҳам оҳиста-оҳиста фаҳмида аз ақидаҳои нодурусти худ даст мекашанд.          

Ҳасанов Ф.А., устоди кафедраи молия ва қарз