Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари навинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмон ба маорифу фарҳанг, таъриху иқтисодиёт аҳамияти хосса зоҳир мекарданд. Дар ин самт марҳилаи нав оғоз гардида дар даврони соҳибистиқлолӣ барқарорсозӣ ва рушди самтҳои гуногуни ҷомеа дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дода шуд. Инро мо бевосита дар ҳар паёму баромадҳои президенти кишвар мешунавему эҳсос мекунем.

Баҳри баланд шудани сатҳи маърифату маънавиёти мардум ва пешравии ҷомеа якчанд озмунҳо ташкил ва баргузор гардида истодааст. Озмунҳо дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун, дигар табақаҳои аҳолии кишвар ва ғайра баргузор гардида истодааст.

Ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм-фурўғи маърифат» роҳандозӣ гардидааст. Ин озмун таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Бо мақсади ҷалби бештари донишҷўён ба корҳои илмӣ аз соли 2000 озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ» аз нав барқарор гардид, ки ҳар сол дар ин озмун 50-60 корҳои илмӣ муҳокима ва қадршиносӣ карда мешаванд. Инчунин баргузории озмунҳои гуногун ба хотири дарёфту рушди истеъдодҳо дар ҷодаи илму маориф, ба мисли озмуни «Олими сол», «Омўзгори сол», «Мураббии сол», озмун дар ҷодаи баланд бардоштани завқи китобхонии насли наврас ва ҷавонон зери унвони «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дигарҳо аз пешрафти соҳа шаҳодат медиҳанд.

«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - низ таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар заминаи асосӣ хоҳад буд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор гардидааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ, таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Озмунҳое, ки тӯли якчанд солҳо мунтазам мегузаранд, бо баробари ташаккул ёфтан, мукаммал шуда, сол аз сол номинатсияҳо, ҷойҳои ифтихорӣ ва маблағҳои мукофотҳо зиёд шуда истодаанд.

Ҳамин тавр, ҳамаи гуфтаҳои дар боло оварда шударо хулоса намуда гуфтан зараур аст, ҳамаи кӯшиш ва ғайратҳои Ҷаноби олӣ баҳри гул – гул шукуфоии ҷомеа мебошад, ҳамаи нишондиҳандаҳо, кӯшиш ва маблағҳое, ки баҳри ташкили ин озмунҳо сарф мегардад ҳамаи моро водор мекунад бидуни озмун низ мо аз тоҷик ва  Тоҷикистонӣ будани хеш фахр кунем. Дар назар аст, ки ба ҳамаи ин озмунҳо дар сатҳи зарурӣ ширкат варзем ба ҳамаи ҳадаф ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат хоҳем расид.

Миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо фарҳанг ва таърихи бою қавӣ дорад. Инчунин дар давоми соҳибистиқлолӣ низ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, аз ин рӯ баҳри ҷавонон, наврасон ва умуман тамоми қишри ҷомеа месазад, ки ин нуктаро хуб дарк намоянд. Ҷомеае, ки ба фарҳангу таърих ва илму маориф таваҷҷӯҳ мекунад, ба оянда, ҳастӣ ва пойдории миллат ғамхорӣ мекунанд.

Маҳмудова Ф.М.,  омӯзгори кафедраи саноати сабук ва нассоҷӣ