Бо дастури бевоситаи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода бо мақсади самаранок истифода бурдани фурсати холигии донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишкада иқомат мекунанд, шуъбаи тарбияи донишкада нақшаи чорабиниҳои мукаммал тарҳрезӣ намудааст. Ба ҷузъ он, ки дар хобгоҳ маҳфили дӯзандагӣ амал мекунанду утоқи компютерӣ ва китобхона фаъолияти самаранок дорад, донишҷӯён ба намудҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол пайваста машғуланд. Писарон дар майдони футбол бо роҳбаладии омӯзгорон ва духтарон бо роҳнамоии кормандони шуъбаи тарбия ба машғулияти тарзи ҳаёти солим даст задаанд.

Ин тадбир аз як ҷиҳат барои обутоби бадан ва самаранок истифода бурани вақт роҳандозӣ шуда бошад, омили ваҳдату дӯстӣ ва боз ҳам ошноӣ пайдо намудани донишҷӯён бо якдигар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар хобгоҳи донишкада наздики 500 нафар донишҷӯён аз минтақаҳои гуногуни кишвар зиндагӣ доранд. Ба онҳо раххти хоби зебо, ошхонаи муҷаҳҳаз, оби гарм ва мабразхонаи замонавӣ хизмат мекунад. Барои танзими рафтуомад ва талаботи санитариву гигиении донишҷӯён аз ҷониби устодон навбатдорӣ ба роҳ монда шудааст.