Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ буда,  дар  раванди ҷаҳонишавӣ он тамоми халқу миллатҳоро фаро мегирад.  Экстремизм  ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои  сиёсии  ҷаҳони муосир буда,  мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба дараҷаи масоили умумибашарӣ табдил гашта буд. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳои мухталиф дорад. Ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда,  ба мафкураю амалияи бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ асос меёбад. Мафҳуми экстремизм дар конвенсияи аҳдномаи Шанхай дар бораи мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм чунин маънидод гаштааст: «экстремизм-амалест, барои ба таври зӯрӣ забт кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва бо  роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа».Тоҷикистон низ чун иштирокчии созмони Шанхай ин ковенсияро эътироф мекунад ва вазифадораст, ки дар дохилу хориҷи мамлакат зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад.                                                                                                        Ифротгароӣ дар  мамлакатҳои Аврупо агар дар шакли ҳаракати скинхедҳо, фашизми навбаромад зуҳур ёбад, дар мамлакатҳои Шарқ бештар дар шакли динию миллӣ зуҳур кардааст.  Ифротгароён барои ба мақсадҳои сиёсии худ ноил гаштан зери пардаи  динӣ амал мекунанд. Зеро бо ин роҳ мардумро ба воқеаҳои сиёсӣ ҷалб намудан осонтар аст.  Имрӯз ҷомеаи моро амали созмонҳои ғайриқонунии ҳизби«Таҳрир», Ваҳҳобия, Салафия ба ташвиш овардааст.          Чунки ақидаҳои ифротии ин созмонҳо на ба мустаҳкам кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон,  балки бар зидди он равона шуда, вахдату якпорчагии онро зери хавф мегузорад. Ҳамагон амалҳои ваҳҳобиёнро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар хотир доранд.  Бо даъвати онҳо чӣ қадар ҷавонон ба митингбозиҳову даргириҳои сиёсӣ кашидашуданд.  Ин ҷанг ба ҷумҳурии мо 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ расонид,ки ин зарбаи калон ба генофонди миллат буд.  Имрӯз аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳо андешида шуда истодааст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. Барои ин дар мактабу донишгоҳҳои олии касбӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бояд чораҳои мушаххас андешид.  Бояд ҳар як аъзои ҷомеа на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки  дарку иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ биҳисобад.

 Дар ҳиссу тафаккури онҳо дарки баланди ватандорӣ парвариш карда шавад, токи барои ба даст оврдани фоидаву маблағи яквақта ба амалиҷиноятӣ даст назананд.                                                                   

Ифротгароӣ ватан надорад, дар куҷое набошад онҳо ҷавононро ҷалб кардан мехоҳанд.                             Давлати Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ аз минбари СММ борҳо баҳри пешгирию мубориза алайҳи созмонҳои ифротгароӣ бо таклифҳои мушаххас баромад кард.  Ин иқдоми давлатро мардуми тоҷик бо дарки масъулиятшиносӣ ва амри зарурати марҳилаи кунунӣ дастгирӣ мекунад. 

Набиҷон Боқиҷонов, устоди ДПДТТ  дар шаҳри Хуҷанд