Ифротароиву тафриқаангезӣ ва таҳмили фарҳани бегона аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони имрӯз маҳсуб меёбад. Омили асосии ба ифратгарой майл намудани шахе  ҷоҳилӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ, ноогоҳӣ, - сарватпарастӣ ва тақлидкории шахс аз амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Экстремизм зуроварии хусусиятҳои сиёсидошта бо мафкураи манқуртгаштаи асримиёнагӣ дар ниқоби ҷаҳонишавии муосир  мебошад.

       Ба экстремизму терроризм ташкили бетартибиҳои оммавӣ, тафриқандозӣ ва ҳаракатҳои авбошӣ хос аст. Аъзои ин гуна гуруҳҳои манфур аксаран дину мазҳабҳоро ба манфиатҳои пурғарази шахсии худ истифода менамоянд ва аслан, боиси доғдор гаштани боварҳои мардумӣ мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси       Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли равон чунин таъкид карданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ,  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ко ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафрикаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кушиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои
интернетӣ васеъ истифода мебаранд». Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, изҳор доштанд, ки
хоинони миллат ва хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку
гаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо карда
истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба мардуми мо такмил кунанд. Тамоми сокинони шарафманди Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, бештар бо хам дӯсту хамдам ва муттафиқ гарданд, дасти ҳам гиранд.

Муқовимат ниҳоду манфуру пурзиён аз самтҳои
асоси таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Халқи тоҷик терроризмро дар тамоми зуҳуроташ қотеона маҳкум менамоянд
ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди
ин падидаи марговару хатарнок         пуштибонӣ        мекунанд. Тибқи

 омори расмӣ таҳлилҳои коршиносон,        сабаби асосии даст задани террористон ба амалҳои нангин сатҳи пасти маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст.
Чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари
худро бадному гумном кардан, дигаронро ба қатл мерасонанд, ба
таҳрибкорӣ даст мезананд, Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне
мебошанд, ки ҳатто ба занону кӯдакон раҳме надоранд.

Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳӯроти террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити ҷамъиятӣ, махсусан, дар таълимгоҳҳо анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда мебошад. Махсусан, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як кагор омилҳои ' объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи таравидан ба гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заиф мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстию
масъулияти хештаншиносӣ муқобили ин падидаи манфӣ муборизаи
дастҷамъона барем, то ки суботу ороми ҷомеаи Ватани маҳбубамон
устувору пойдор бимонад.

 Дар ин самт масъулияти мо – омӯзгорон дар омода намудани ҳам мутахассиси арзандаи ҷаҳони муосир ва ҳам фарди дорои ахлоқи солим  ва ташаккулдиҳандаи ҷомеа  бештар аст. Зеро ҷавонон мафкураи таҳрикдиҳандаи рушди ҳар қавму миллат ва ояндаи Тоҷикистони Азиз мебошанд.

Зокиров Р.Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд