Барои ҳар як одам барпо кардани оила хеле муҳим аст. Дар синни ҷавонӣ, ғурури ҷавонӣ ба ӯ барои дарки он халал мерасонад,аммо бо гузашти солҳо пушаймон мешавад, ки оила бунёд накардааст зиндагии зану шавҳар бояд мисли зиндагии фариштаҳои осмонӣ гардад­ин зиндагиест пур аз шоди ва лаззат  маънавӣ,зиндагиест дар ваҳдат ва ва ҳамфикрӣ, ин пайванди дӯстона, равонӣ ва ҷисмонӣ мебошад. Дар хонаи онҳо бояд ҳамоҳангӣ ва назму тартиб ҳукмфармо бошад. Андеша ва орзую умеди онҳо бояд чун нурҳои офтоби ҳақиқат гарданд ва чун ситораҳои дурахшони осмон  нурпошӣ кунанд.Чун ду мурғи хушилҳон бар шохаи дарахти дӯстию рафоқат бисароянд. Барои наздиконашон бояд намунаи муҳаббати ҳақиқӣ ва самимӣ нисбат ба ҳамдигар бошанд, фарзандони худро тавре тарбия кунанд, ки шӯҳрати хонаводаашон бар ҳама ҷо паҳн шавад .

          Агар шумо як узви оилаатон ва ё ҳамватанатонро дӯст дошта бошед,бигзор ин эҳсосро шуоъҳои Ишқи беохир равшан кунад! Дар ҳар шахсе, ки сифатҳои Илоҳӣ мебинем, ӯро дӯст дорем, хоҳ аз хонаводаи худ бошад ва хоҳ аз хонаводаи дигар . Нури ишқи бепоёнро бар ҳар касе, ки дар рохатон вомехӯрад, биафканед.

Дар бораи зараре, ки аз баҳсу мунозираҳо ба оила мерасад, фикр кунед. Пас тасаввур кунед, ки чӣ файзу баракат бар хонаводае нозил мешавад, ки аъзои он дар ваҳдат ҳастанд. Агар дар он дӯстию ваҳдат мустаҳкам шавад, ба оилаи бузурги башар чӣ қадар баракату неъматҳои бешуморе дода мешавад! Дар замони мо, ки самараи неки ягонагӣ ва оқибатҳои харобиовари низоъ хеле равшан гардидааст, ба ҷаҳон воситаи барпо намудани иттиҳоди халқҳо нишон дода шудааст.

Аҳамият диҳед, ки вақте ки дар оила ваҳдат ҳукмфармост, корҳо дар он чӣ гуна ба осонӣ сурат мегиранд, аъзоёни ин оила то чӣ андоза муваффақиятноканд, дар зиндагӣ чӣ тавр обод мешаванд. Корҳояшон мукаммал аст, аз оромӣ ва осоиш лаззат мебаранд, дар амонанд, мавқеъҳояшон эмин аст ва атрофиён бар онҳо ҳасад мебаранд. Чунин оила рӯз то рӯз ободу зебо мегардад ва шӯҳрати абадии он мустаҳкам мегардад.

Агар дар оила меҳру муҳаббат ҳукмрон бошад, чунин оила нашъунамо ёфта, рӯҳонитар ва равшантар мегардад, вале агар дар он кинаю адоват бошад, ин ногузир боиси харобиву парокандагии он оила мегардад.

Барои барқарор намудани ваҳдати пойдор зарур аст, ки шахс аз майли табиӣ ба пайхас кардани хатову норасоиҳои дигарон, на аз худаш даст кашад. Ҳар яки мо танҳо барои зиндагии худ масъулем. Ҳар яки мо аз “комил будан, чунон ки Падари осмонии мо комил аст” ба дараҷаи беохир дур ҳастем ва вазифаи дар назди мо буда ки такмил додани ҳаёт ва хислатҳои худ аз мо ирода, нерӯ ва фидокориро талаб мекунад. Агар мо қувват ва нерӯи худро барои тафтиши рафтори дигарон сарф кунем, кӯшиш кунем, ки хатогиҳои онҳоро ислоҳ кунем, мо танҳо вақти гаронбаҳоямонро аз даст медиҳем. Мо мисли кишоварзе ҳастем ва ҳар кас бояд омочи худро идора карда, шудгор кунем, ва барои ростии ҷӯякҳояш ҳар кас бояд ба кори худ диққати калон диҳад.

Бештар аз ҳама  аз танқид ва ғайбат даст кашида, дар ивази он барои дарёфт ва ислоҳи ххатогиҳо ва бартараф кардани камбудиҳои худамон пайваста кӯшиш кардан лозим аст.

Насимова М.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд