Масъалаи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ барои давлатҳо масъалаи муҳим буд ва ҳаст.

         Дар интиҳои соли 2022 бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардид ва имрӯзҳо мавриди иҷро қарор дорад.

         Қабули ин санади муҳим талаби замон ва воқеияти рӯз аст.

         Воқеан, ба миён омадани давлатҳо, бахусус давлатҳои миллӣ ва пойдориву устувории онҳо аз натиҷаи амалҳои ватандӯстонаи сарварони сиёсӣ ва боло гирифтани ҳисси ватандӯстии мардумони он аст.

         Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки “Мо бояд минбаъд мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиору кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.

         Ватандӯстӣ маъниву мазмуни баланд дорад ва мухтасаран он муҳаббати шахс ва ҳар шаҳрвандонро ба Ватан ифода менамояд.

         Сиёсати гуногунҷабҳаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самту соҳаҳо хусусияти ватандӯстона дорад. Ҳамаи кору пайкор ва амалҳои Президенти кишвар чӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоӣ  маорифу фарҳанг тадбирҳои ватанпарастона ва беҳтарин намунаи ватандӯстӣ мебошанд.

         Пешвои миллат солҳои нахустини роҳбариашон таъкид намуда буданд, ки “Ҳалли вазифаҳои мураккаби таъмини истиқлолияти воқеии  имрӯз аз бисёр ҷиҳат ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ, муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста аст”.

         Дар шароити имрӯза равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти мо таъсири бевоситаи худро мерасонанд, доираҳое манфиатдор ҳастанд, то мардумро аз ватандӯстӣ дур баранд ва истиқлолу озодии моро осебпазир намоянд.

         Давлате, ки шаҳрвандонаш эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ ва маърифати сиёсӣ надоранд, дар шароити кунунии бархурдҳои сиёсию геополитикӣ осебпазир буда, дар баробари ба вуқуъ пайвастани хатарҳои рӯзафзуни муосир тобовар буда наметавонанд. Аз ин хотир ин масъала муҳимияти бештарро ба худкасб менамояд.

Дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳо ва дигар чорабиниҳои мухталиф таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд карда мешаванд, ки “Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллат омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиатҳои дигар боло медонанд. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд".

Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки насли ҷавон дарк намояд, ки касе ки дар дил меҳри ватандӯстиву меҳанпарастӣ дорад бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намояд. Чунки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, аз ҷавонмард далерию ҷасурӣ ва нангу номуси миллиро  талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.

         Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд