Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши оила дар ҷомеа ва таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз ин рӯ, барои ба танзим даровардан ва баланд бардоштани масъулияти падару модар ва фарзандон дар назди ҳамдигар ва қонун як силсила санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба табъ расидаанд. Инчунин дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бо  мақсади ҳимоя ва рушди оила , раванди таълиму тарбияи шоистаи фарзандон қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.  

   Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд: “Пешрафти давлат ва тавоноии ҷомеа, пеш аз ҳама ба ҳифзи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст. Занону модарони мо метавонанд дар ин раванд низ яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа бошанд”. Ин таъкиди Сарвари давлат  мароми асосии фаъолияти ҳизбии мо занон мебошад.

 Ҳарчанд имрӯз Қонун қабул гардидаву чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд, вале то ҳол ҳам волидоне ёфт мешаванд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд фориғболӣ мекунанд ё тарбияи ӯро ба дӯши мактаб ё шахси дигар мегузоранд..   Педагоги шинохтаи рус Сухамлинский гуфтааст: “Агар мо барои тарбияи фарзанд вақт наёбем, пас барои инсон шудан ҳам вақт надорем”.Аз ин рӯ, тарбияи фарзандонро ба дӯши шахси бегона гузоштан аз нотавонӣ ва оҷизии волидон аст. Вазифаи парваришу тарбияи фарзандро ба дӯши дигарон вогузоштан натиҷае ба бор меорад, ки онро ислоҳ кардан як умр ғайриимкон аст. Падару модаронро лозим аст, ки раҳму шафқатро дар қалбашон ҷой дода, фикри ояндаи фарзандонро кунанд ва дасти муҳаббату садоқати худро ба сари меваи умрашон гузоранду меҳрубонона тарбия намоянд.

   Чи тавре ки дар боло зикр гардид, таъсири модар дар рушди маънавию ҷисмонии фарзанд бағоят калон аст. Аз ин рӯ, занону бонувони арҷманди мо ба тарбияи фарзанд бояд  аз хурдсолӣ ҷиддан машғул шуда, дар сари гаҳвора бо шири сафеду аллаи ҷонбахш дар замири кудаки худ меҳри Ватан,хислатҳои ҳамидаи инсониро парваранд. Дар ҳақиқат:

                    Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,

                    То ба охир меравад девор каҷ.

 

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд